Ширкати тоҷикистонии «Субҳи Ватан» ва ширкати тиҷоратии хариду фурӯши «АЛЕФ»-и Қазоқистон оид ба интиқоли маҳсулоти консервшуда аз Тоҷикистон ба ин кишвар ба маблағи 90 ҳазор доллари ИМА қарордод ба имзо расониданд.
Тавре хадамоти матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ хабар медиҳад, ин қарордод дар доираи кори Намоишгоҳи 21-уми байнулмилалии маҳсулоти ғизойӣ, нӯшокиҳо ва ашёи хом барои истеҳсоли он «Продэкспо-2015» дар шаҳри Маскав ба имзо расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ширкати тоҷикистонӣ аз вилояти Суғд ба Қазоқистон шарбат (сок), афшурдаи помидор, пиёзи анзур, мураббоҳо ва дигар маҳсулот содирот мекунад.
Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ ҳамчунин миёни ширкати «Оро Исфара» ва ҶДММ «Фруктовые линии»-и шаҳри Маскав ба маблағи 1 млн. $, ҳамчунин миёни «Оро Исфара» ва ҶДММ «Фруктовые линии»-и шаҳри Маскав бо ширкати туркии «Santa Vita» оид ба таҳвили хушкмева ва дигар меваҷот ба Туркия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо шартномаҳо ба имзо расиданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар байни ҶСП корпоратсияи «Баракат» ва ширкати «АГРОТЕХСЕРВИС» (ш.Владивосток, Русия) дар бораи ба минтақаҳои Русия содирот намудани сабзавоту меваи тару тоза аз Тоҷикистон гуфтушунид ҷараён дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста