Тибқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» аз ҷониби комиссияҳои 70 ҳавзаи вилоятии интихобот бақайдгирии номзадҳои пешбаригардида ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум аз санаи 25 январи соли 2015 то санаи 9 феврали соли 2015 сурат гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар маҷмўъ, 182 нафар номзади пешбаригардида аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум ба қайд гирифта шуданд, ки 62 нафари онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 85 нафар номзаде, ки бо тариқи худпешбарӣ номзади худро гузошта буданд, ба қайди номзад ба вакилӣ гирифта шуда, 97 нафари номзадҳои (тавассути пленум ва конфронсҳо) бақайдгирифташударо номзади 7 ҳизбҳои сиёсии дар қаламрави вилоят фаъолият дошта ташкил медиҳад. Ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд танҳо як ҳизби сиёсӣ - Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон номзадҳои худро пешбарӣ накардааст.
Аз шумораи умумии номзадҳои бақайдгирифташуда 159 нафарро тоҷикон ва 23 нафарро ўзбекон ташкил медиҳанд, аз рўи маълумот 168 нафар дорои маълумоти олӣ, 1 нафар олии нопурра, 5 нафар миёна ва 8 нафар миёнаи махсус, аз рўи синну сол то 35 сола-11 нафар, 35-40-сола - 19 нафар, 41-50-сола- 64 нафар, 51-60-сола - 80 нафар ва аз 60-сола боло - 8 нафар, аз рўи ихтисос бошад, 33 нафарро иқтисодчиён, 30 нафарро муҳандисон, 17 нафарро кишоварзон, 4 нафарро ҳуқуқшиносон, 58 нафарро омўзгорон, 16 нафарро табибон ва 24 нафарро номзадҳои дорои ихтисосҳои гуногун ташкил медиҳад.
Алҳол аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии вилоятии интихобот ба ҳамаи номзадҳои бақайдгирифташуда ботантана шаҳодатномаҳои номзадӣ ба вакилӣ супорида шуда, корҳои ташвиқотию тарғиботии номзадҳо ба вакилӣ ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳо ҷараён дорад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста