Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 18 феврал оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкии кишвар дар соли 2014 ва вазифаҳои ин сохтор дар соли равон машварати корӣ баргузор намуд.
Тавре сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, дар машварат зикр гардид, ки сарфи назар аз таъсирҳои молӣ ва иқтисодии беруна, кори низоми бонкии ҷумҳурӣ дар соли гузашта устувор буд
«Дар машварат пешниҳод шуд, ки дар назди ҳукумати кишвар Шӯро оид ба рушди низоми бонкӣ таъсис дода шуда, барои муқовимат бо омилҳои берунӣ низоми бонкӣ такмил дода шавад», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи сармушовир, иштирокдорони машварат масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо бонкҳои хориҷӣ, афзоиши ҷалб сармоя, қарздиҳии хурду миёна ва маблағгузорӣ ба бахшҳои истеҳсолиро баррасӣ намуданд.
«Нахуствазир ба сохтору шахсони масъул дастур дод, ки барои фаъолияти устувори низоми бонкӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, бо назардошти пешниҳодҳои дар машварат ироашуда, нақшаи чорабиниҳо таҳия намоянд», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста