Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) ба интихоботи санаи 1-уми март таъиншуда ба Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳия ва маҷлисҳои ҷамоат ягон номзад пешбарӣ накард.
Раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби аз ширкат дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ даст кашидани ҳизб дар он аст, ки интихобот комилан зери назорати ҳукуматдорони маҳаллӣ ҷараён дошта, чунин таҷриба аллакай тӯли солҳои зиёд мавриди амал қарор дорад.
«Дар интихоботи моҳи феврали соли 2010 ҲСДТ талош варзид, ки ба ҳайати маҷлисҳои вакилони халқи баъзе шаҳру ноҳияҳо намояндаи худро шомил созад, вале таҷриба нишон дод, ки он ҷо амалҳои ҳукуматдорони маҳаллӣ умуман назорат намешавад ва дар интихоботи соли 2015 мо тасмим гирифтем, ки асабҳоямонро эҳтиёт намуда, вақтро ҳам беҳуда сарф накунем», - гуфт раиси ҲСДТ.
Дар идома ӯ қайд кард, ки комиссияҳои интихоботии чанде аз шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳри Душанбе ҷиҳати пешбарӣ намудани номзадҳои худ ба маҷлисҳои маҳаллӣ ба ҲСДТ муроҷиат кардаанд.
«Мо ба онҳо изҳор доштем, ки то замони ба ҳайати комиссияҳои интихоботии қитъавӣ роҳ дода нашудани узвияти намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҲСДТ аз иштирок дар интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ даст мекашад», - афзуд Р.Зойиров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста