Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бар ин назаранд, ки афзоиши назарраси талабот ба зироати ғалладонаи Қазоқистон метавонад ба болоравии нархи орд дар Тоҷикистон боис гардад.
Дар гузориши моҳонаи «Мониторинг ва огоҳкунии пешакӣ дар Тоҷикистон»-и Вазорат қайд мешавад, ки маҳдуд шудани содироти зироати ғалладона аз Русия ба афзоиши талабот ба зироати ғалладона аз Қазоқистон оварда мерасонад.
«Вазорати кишоварзии Қазоқистон оид ба захираҳои кофии ин навъи маҳсулот маълумот медиҳад, вале афзоиши назарраси талабот ба болоравии нархи содиротӣ ва мутаносибан зиёд шудани нархи орд, аз ҷумла дар Тоҷикистон боис шуда метавонад», - омадааст дар гузориш.
Мутахассисон ба чунин хулоса расидаанд, ки сатҳи болоравии нархҳо бештар ба тамоили умумии нархҳои байнулмилалӣ ба гандум ва имконоти тиҷоратӣ берун аз ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста хоҳад буд.
Ба иттилои манбаъ, моҳи январи соли равон нархи орди гандум дар бозорҳои ҷумҳурӣ устувор боқӣ мондааст. Ба санаи 30 январи соли 2015 дар бозорҳои пойтахт нархи миёнаи 1 халта (50 кило) орди навъи якуми истеҳсоли ватанӣ 156,87 сомонӣ (29,2 $) ва нархи 1 халта орди истеҳсоли Қазоқистон 162,66 сомонӣ (30,2$)-ро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли равон аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон 11,8 ҳазор тонна орд ва 58,5 тонна гандум ворид шудааст, ки нисбат ба моҳи январи соли гузашта мутаносибан 35,6% ва 21,5% камтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста