Роҳбари ҳайати нозирони САҲА Микшол Харастӣ ва коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ хонум Даря Папротска рӯзи 19 феврал аз дафтари кории ҲНИТ боздид намуда, бо узви раёсати олии ҳизб, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон хонум Зарафо Раҳмонӣ мулоқот карданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, зимни ин мулоқот намояндаҳои САҲА оиди ширкати занон дар интихобот ва мушкилоти заноне, ки ҳамчун номзад ба фаъолияти пешазинтихоботӣ машғуланд, суҳбат намуданд, ки на танҳо ба Ҳизби наҳзат, балки ба дигар аҳзоби сиёсӣ низ рабт дошт.
Гуфта мешавад, илова бар ин дар робита ба ҷойгоҳ ва нақши зани тоҷик дар раванди интихобот ва то чӣ ҳад таъсири он суҳбат ва табодули назар сурат гирифт.
Зимнан зикр мегардад, ки баробари расидани маъракаи пешазинтихоботӣ ба Маҷлиси намояндагони МО ҶТ намояндаҳои созмонҳои хориҷӣ бо масъулини баландпояи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суҳбату вохуриҳои зиёде дар қароргоҳи марказии ҳизб баргузор менамоянд, инро аз як ҷониб метавон хуб арзёбӣ кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста