Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода рӯзи 19 феврал сафири Ҷумҳурии Латвия дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш. Рига) Игорс Апокинсро ба муносибати раёсати Латвия дар Иттиҳоди Аврупо ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доираи васеи масъалаҳо, алалхусус равандҳои муҳими робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар мавзӯъҳо мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.
Қайд гардид, ки раисии Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки минтақаи Осиёи Марказиро яке аз авлавиятҳои сиёсатии хориҷии ИА муайян намудааст, барои расидани ҳадафҳои худ дар ин ҷода ҳамчун ҷузъи муҳим ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамин рӯз мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷи низ баргузор шуд.
Гуфта мешавад, зимни сӯҳбат масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо аҳамияти тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишварро таъкид намуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста