Тайи чанд рӯзи охири ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ андаке боло рафт.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), санаи 19 феврал қурби одллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба ҳисоби миёна 5,7250-5,7450 сомониро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе ба 5,7350-5,7550 сомонӣ, ш. Хуҷанд - 5,7400-5,7600 сомонӣ ва ш. Қурғонтеппа - 5,7300-5,7500 баробар шудааст.
«БМТ мунтазам ҳамарӯза дар бозори асъор фаъолият дошта, ба вазъи он бевосита таъсир мерасонад. Мо кӯшиш мекунем, ки тағйири қурби асъорро устувор нигоҳ дорем, то ки он ба афзоиши нархи маҳсулот боис нагардад. Аз ҷумла, тариқи фурӯши нақдӣ ва ғайринақдии доллар дар бозори дохилӣ», - изҳор дошта буд чанд рӯз қабл дар робита ба ин масъала раиси БМТ Абдуҷаббор Ширинов.
Тибқи маълумоти БМТ, ҳафтаи равон қурбҳои миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ каме баланд шуда, 0,0895-0,0905 сомонӣ ба як рубли русӣ ва 6,4360-6,4570 сомонӣ ба як евро баробар шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста