Дар муқоиса бо соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи январи соли равон ба андозаи 33,1% афзуд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни ҳамсоякишварҳо беш аз 1,6 млн. доллари ИМА (моҳи январи соли 2014 – ҳудуди 1,1 млн. $)-ро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки пас аз чандин муноқишаи марзӣ миёни кишварҳо дар соли гузашта коҳиши ҳаҷми муомилоти молӣ миёни давлатҳо ба мушоҳида мерасид. Танҳо баъди вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон тирамоҳи соли гузашта дар Душанбе вазъ дар ин самт ба эътидол оварда шуд.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл вазири иқтисоди Қирғизистон Темир Сариев изҳор доштааст, ки пас аз ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ пазируфта шудани Қирғизистон, ҳаҷми муомилоти молӣ бо Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад.
«Марз баста мешавад. Савдо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон боздошта мешавад. Чун имрӯз аҳолӣ дигар савдо карда наметавонад. Пас аз баста шудани марзҳо қочоқ боздошта мешавад. Марзҳои мо тариқи реҷаи онлайн назорат мешаванд. Ҳаҷми савдо бо Тоҷикистону Ӯзбекистон коҳиш меёбад», - хабар медиҳанд ВАО бо такя ба гуфтаҳои Сариев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста