Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён пагоҳ, 24 феврал ҷаласаи васеи КМИР-ро доир менамояд, ки дар он гурӯҳи охирини нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии санаи 1-уми март таъиншуда расман ба қайд гирифта мешаванд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шумори нозироне, ки дар ҷаласаи мазкур ба қайд гирифта мешаванд, дақиқ маълум нест ва ин масъала то шоми имрӯз мувофиқа хоҳад шуд.
«То имрӯз КМИР Тоҷикистон дар маҷмӯъ 427 нафар намояндагони Дафтари институтҳои демократия ва ҳуқуқи башари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (ДИДҲБ/САҲА/), Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, ИДМ ва кишварҳои ҷудогонаро расман ба сифати нозирони байнулмилалӣ ба қайд гирифт», - гуфт ӯ.
Додозода таъкид дошт, ки дар пайгирӣ (мониторинг)-и интихоботи парлумонии Тоҷикистон аз иштироки беш аз 500 нафар нозирони байнулмилалӣ аз созмонҳои ҷаҳониву минтақавӣ ва кишварҳои ҷудогона интизорӣ меравад.
Зимнан зикр гардид, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 25 феврал КМИР шумори дақиқи нозирони маҳаллии расман сабтшударо эълом хоҳад дошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста