Ширкати давлатии ҳавопаймоии кишвари ҳамсоя «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» бо номаи расмӣ ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) муроҷиат карда, дар он ба арзиши хизматгузориҳое, ки дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳои кишварҳои хориҷӣ расонида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.
Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҷониби Ӯзбекистон ба масъалаҳои марбут ба омодагии ФБД ба қабули ҳавопаймоҳои мусофирбари Ӯзбекистон, арзиши хизматгузориҳо ба онҳо ва шароитҳои бо сӯзишворӣ таъмин намудани ҳавопаймоҳо таваҷҷуҳ дорад. «Ба дархости Ӯзбекистон мо посухи муфассал ирсол намудем», - иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, номбурда зикр кард, ки то имрӯз ҳанӯз санаи барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки соли 1992 қатъ гардида буд, маълум нест.
Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, масъалаҳои барқарор шудани хатсайри ҳавоӣ ва автомобилӣ (равуои автобусҳо) миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо то имрӯз кушода ва ҳалношуда боқӣ мемонанд.
«Ба эҳтимоли зиёд ҷонибҳо масоили зикршударо баъди анҷоми маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон, ки ба санаи 29 март таъин шудаанд, баррасӣ хоҳанд кард», - гуфт манбаъ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста