- Далели дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҳисор сабт нашудани ҳеҷ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва номзадии худро бозпас гирифтани намояндаи ҳизб дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор маънои онро надорад, ки ҳизби ҳоким ба рақибони сиёсии худ баъзе гузаштҳо мекунад, - иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ.
Ба гуфтаи ӯ, гузаштҳо кардан дар маъракаи интихоботӣ барои ҳеҷ як ҳизби сиёсӣ мантиқӣ нест. «Мо намояндагони беҳтарини худро номзад ба вакилӣ пешбарӣ мекунем, вале бозпас хондании номзадӣ ҳуқуқи худи онҳост», - қайд кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки ба интихоботи парлумонии ба санаи 1 март таъиншуда ҲХДТ дар ҳамаи 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ номзадҳои худро пешбарӣ кард, вале дар остонаи интихобот номзадҳо аз Ҳисор ва Фархор аз идомаи рақобат даст кашиданд.
Дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор акнун рақобат барои соҳиб шудан ба курсии вакилӣ дар парлумонро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов, намояндаи ҲНИТ Зайниддин Юсуфов ва номзади худпешбаришуда Юсуфхон Сайиддинов идома медиҳанд.
Дар ҳавзаи якмандатии Ҳисор мубориза барои курсии вакилиро узви ҲИИТ, вакили амалкунандаи палатаи поёнии парлумон Шарофиддин Сироҷов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор Маҳмаднабӣ Бердиев ва намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Субҳон Сатторов давом медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста