Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанде қабл бо корҳои таъмиру бозсозии нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд аз наздик шинос шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар маҳалли корҳо муайян карда шудааст, ки мушкилоти асосӣ барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар нақб ҷоришавии обҳо аз қисматҳои гуногун буда, баҳри рафъи мушкилоти зикршуда тамоми техникаву ҳайати коргарон сафарбар гардидаанд.
Ба иттилои манбаъ, ба муовини нахуствазир маълумот дода шудааст, ки айни замон мушкилоти ҷоришавии обҳои зиёдатӣ дар масофаи 2,5 километр ҳал шуда, 636 адад таҷҳизоти равшанидиҳандаи мувақатӣ насб гардидааст.
«Азим Иброҳим ба шахсони масъул дастур дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта бо ҷалби мутахассисони ширкати «Зетрон»-и Испания чораҳои таъҷилӣ андешида шаванд», - қайд кард Муҳиддинов.
Зимнан зикр гардид, ки дар машварати ситоди корӣ дастур дода шуд, ки корҳо хушсифат ва бо истифода аз таҷҳизоти зурурӣ анҷом дода шуда, ҳамаи корҳои таъмиру бозсозӣ дар иншооти мазкур то охири сол ба итмом расонида шаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста