Имрӯз 25 феврал ширкати LG Electronics (LG) номгуи намунавии техникаи соли 2015-ро муаррифӣ намуд, ки пешниҳоди OLED-телевизорҳои нодири экранашон камоншакл, ULTRA HD 4K-телевизорҳои қутрашон аз 40 то 105 дюйм ва номгуи телевизорҳои намунавии Full HD Cinema 3D –телевизорҳоро дар бар гирифт.

Муаррифии хатти нави маҳсулоти аудио ва видеотехникӣ аз намоиши аудиосистемаҳои беноқили Smart Audio, минисистемаҳои пуриқтидори дорои DJ-воситаи X-Boom ва намунаи маҳсулоти навшудаи саундбарҳоро иборат буд. Ҳангоми коркарди хатти нави техникӣ, ширкати LG маҳз пайгирии сифатнокии тасвири олидараҷа, истифодабарии қулай ва дизайнро асоси кори худ намудааст ва маҳз ҳамин иқдом маҳсулоти LG-ро дар бозори маҳсулоти электронӣ ва техникаи маишӣ пешбар мегардонад.
Дар баробари ба бозорҳои Русия баровардани моделҳои нави 55-,65- ва 77-дюймаи OLED-телевизорҳои экранашон ҳамвор ва камоншакл, ширкати LG бори дигар собит намуд, ки барои доираи васеи истеъмолкунандагон ягона истеҳсолкунандаи номгуи OLED-телевизорҳо мебошад. Дар ҳамаи моделҳои OLED-телевизорҳо дар ҳолати ба сохтори пиксел илова шудани субпиксели сафед, технологияи хусусии WRGB-ро истифода мешаванд. Дар натиҷа рангҳои воқеӣ боз ҳам пурнуртар гардида, ранги сиёҳ ба таври комил, дар сатҳи баланди возеҲї акс мешавад. Технология Optimized True Color аз ширкати LG, новобаста аз дараҷаи хушрангӣ,устувории пахши рангҳоро танзим намуда, аз ҳисоби рангҳои наздики аслӣ ва ба чашмон роҳатбахш, барои тамошобин кайфияти беназиреро таъмин менамояд.

Бо вақти максималии реаксияи баробар ба 0.001мс, OLED –телевизорҳои LG назар ба телевизорҳои оддии ҳамворпанели LCD , 1000 баробар тезтар кор мекунанд. Ба туфайли кунҷи васеи чашмандоз, ки ин моделҳоро аз дигар телевизорҳои LCD, ки контрасташон нисбатан пасту рангҳошон барроқ нестанд, ба куллӣ фарқ мекунонанд , ҳатто ҳангоми тамошо аз паҳлӯ, бинанда аз хушсифатии тасвир роҳат мекунад. Ширкати LG дизайни нозуки минималистиро пайгирӣ менамояд. Бар иловаи хушсифат будан ва дизайни хуб доштанашон, OLED-телевизорҳои LG бо аудиосистемаи чандканала ҷиҳозонида шудааст, ки онро якҷоя бо ширкати дар соҳаи садо маъруфи harman/kardon® коркард намудааст. Дастгоҳи ULTRA Surround аз ширкати LG, садоро беҳтар, баланду мутавозун мегардонад.
Дар қисмати телевизорҳои Ultra HD 4K, ширкати LG, силсилаи ColorPrime™-ро муаррифӣ намуд, ки бо дақиқии пахши рангҳо ва густариши онҳо фарқ менамояд. Моделҳои ин серия, тавассути истифодаи светодиодҳои люминофордор, дорои рангҳои амиқ ва тасвири ба воқеият наздик мебошанд. Телевизорҳои LG-и андозаи 4K Ultra HD бо панели IPS-и дорои инҳилоли 3840x2160 нуқта ҷиҳозонида шудаанд ва ин имконият медиҳад, ки рангҳо равшантар ва кунҷи чашмандоз хеле васеъ шаванд. Технологияи True Black Control дар экран ҳама сояҳои амиқи ранги сиёҳро ифшо месозад. Функсияи Natural Color камбудиҳои пахши тасвири рангорангро бартараф менамояд. Функсияи Contrast Optimizer возеҲият ва дурахшонии тасвирро таъмин мекунад. Кодеки танзимшудаи 4K High Efficiency Video Codec (HEVC) контент-андозаи 30р ва 60р-ро аз дастгоҳҳои берунӣ дастгирӣ менамояд ва ба ҳамин тариқ телевизорҳои LG бо дастгоҳҳои дастраскунандаи сигналҳои возеҳияташон ултрабаланд дар мувофиқа мебошанд. Навъҳои ULTRA HD-и телевизорҳои LG ҳамчунин бо дастгоҳи бисёрканалаи садодиҳии калонҳаҷми ULTRA Surround System ҷиҳозонида шудааст, ки якҷоя бо ширкати harman/kardon® коркард гардидааст.

Ҳамаи моделҳои байрақбардори OLED ва Ultra HD-телевизорҳои соли 2015, дар асоси шабакаи мукаммали амалиётии webOS 2.0, ки оддитару қулайтар карда шудааст, кор мекунанд. Аз ҳисоби се функсияи асосӣ-васлшавии содда, табдили содда ва ҷустуҷӯи содда- webOS идоракунии телевизорҳои муосир аз ҳарвақта осонтар шуда ба талаботи истифодабарандагон ҷавобгӯ гардиданд. Барномаи webOS 2.0 истифодабарии соддаву қулайи телевизорро ба сатҳи тамоман нав бароварда, дар баробари ин мухталифии контенти мавҷуда ва имкониятҳои ҷолибро низ васеъ менамояд. Вақти омодашавӣ қариб ба 60 фоиз кам гардонида шуда,дастрасӣ ба тамоми контент боз ҳам осонтару тезтар шуд.
Номгуи нави LG Smart Audio иборат аст аз аввалин аудиосистемаи портативӣ бо Wi-Fi, ки тавассути аккомулятор (модели H4 Portable/NP8350) кор мекунад ва тариқи замимаи махсуси LG Music Flow идора мешавад. Ҳамчунин он модели навшудаи Wi-Fi-ро барои саундбарҳо (моделҳои HS7/LAS750M ва HS9/LAS950M) ва 3D Blu-ray DiscTM/DVD- дастгоҲи (проигрыватель) модели BP550 , ки бо ҳамаи дастгоҳҳои Smart Audio дар мувофиқат аст, доро мебошад.
Ҳама гуна дастгоҳи силсилаи LG Smart Audio метавонад мушаххас ва ё якҷоя бо дастгоҳи дигар истифода шавад. Алоқаи беноқил бо ёрии гиреҳи шабакаи Wi-Fi ва Wi-Fi-и дудиапазондор (2.4/5ГГц) садодиҳии бетаваққуф ва пойдори мусиқиро таъмин менамояд.
Бо ёрии замимаи LG Music Flow шаклҲои шабакаи вақтхушиҳои хонагиро ба таври осон дигар кардан мумкин аст. Ҳар як аудиосистема метавонад барои фароҳам овардани муҳити лозимӣ вобаста аз ҷойгиршавиаш дар фазо мушаххас танзим шавад. 3D Blu-ray проигрыватель аз ширкати LG - BP550-ро ҳамчунин метавон ба силсилаи нави баландгўякҲои LG Smart Audio барои пахши мусиқӣ аз СД-диск ва ё USB-ҷойгиршаванда насб кард. Ҳамаи намудҲои LG Smart Audio ҳамчунин бо системаи LG HomeChat™, таҷҳизонида шудаанд, ки имконият медиҳад дастгоҳҳои LG, бо ёрии мессенҷери бепули LINE, тавассути смартфон ва ё планшети дилхоҳ, идора карда шаванд.
Ширкати LG дар бозори аудио минисистемаҳои дорои DJ-нишондиҳандаҳо, тавсеаталабиро давом дода, ба истифодабарандагон садои тавонноиаш то ба 4400 Ватт, DJ-нишондиҳандаҳои пайваста навшаванда, имкониятҳои гуногуни пайвастшавӣ, ҳамчунин дизайни хушобуранги бо LED ва flash равшанкунандаҳоро пешниҳод менамояд. Ҳар як дорандаи LG X-Boom тавассути функсияҳои DJ PRO ва Auto DJ (ба таври автоматӣ бардошта шудани фосила байни трекҳо),12 эффекти садоӣ, ки ҳам ба таври автоматӣ ва ҳам дастӣ (бо истифодаи «вертушка»-и махсус) илова карда мешавад, метавонад худро ҳамчун диҷеи ҳақиқӣ ҳисс кунад. Ба туфайли функсияи FOTA истифодабаранда метавонад DJ-эффектҳоро тавассути замимаи махсус дар смартфони худ таҷдид карда истад. Системаи идоракунӣ дар шакли DJ-назоратчӣ амал карда, имконият медиҳад аз шабнишинӣ кайфияте бардошта шавад.

Ҷустуҷуи оддӣ ва қулаи файлҳо тавассути «фирфирак»-и дуввум ба амал меояд, яъне аз USB-ҷойгиршаванда ва ё смартфон/планшет, ки хеле осон ба аудиосистема тавассути Bluetooth ва NFC васл мешавад, метавон композитсияи лозимиро дарёфт.
Ба ғайр аз ин, дар моделҳои нави LG X-Boom имконияти сабти DJ-миксҳои шахсӣ низ пешбинӣ шудааст ва онҳоро метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Twitter, Facebook) ҷойгир намуд. Дар моделҳои пешрави СМ9750 ва СМ9950, равшанидиҳандаи рангаи дастрасе васл шудааст, ки ба шабнишинӣ хуррамии иловагие мебахшад. Функцияи Cross Fader имконият медиҳад, ки миксҳои нодире бо истифодаи сарчашмаҳои гуногуни таҷдид офарида шаванд. Ба туфайли мувофиқати ду система, акнун имконият пайдо шудааст, ки барои офаридани садои пуриқтидор дар майдони дилхоҳ,хоҳ дар маҳали аз шаҳр берун ва ё миқёси open air, онҳоро ба миқдори лозимӣ ва пайдарпай васл намоем. Аз ҳисоби синхронизатсияи овоз бо телевизор, аудиосистемаҳои LG X-Boom-ро метавон ба сифати кинотеатрҳои хонагӣ барои пахши овози максималии воқеӣ дар вақти намоиши филмҳо ва намоишномаҳои телевизионӣ истифода бурд.
Ҳамчунин ширкати LG номгуи нави намунавии кинотеатрҳои хонагӣ ва саундбарҳоро муаррифӣ намуд. Ин моделҳо ба туфайли беҳтар карда шудани сохти динамикҳо, ки садоро дар хонабаробар паҳн ва аз ҳисоби бархуриш ба деворҳо, ҷузъиётбандӣ менамоянд,бо садои ба воқеият наздики худ фарқ мекунанд. Ду динамики баландбасомад ва мувозинакунии автоматии овоз, садодиҳии саундбарҳои LG-ро мураттабу буро ва реалистӣ мегардонад ва ҷузъҳои тасвири овозиро пурра инъикос менамояд.Функсияи «реҷаи интизорӣ» дар ҳолати омодагии Bluetooth- пайвастшаванда имконият медиҳад, ки мусиқӣ аз смартфон ҳамоно садо диҳад, интихоби автоматӣ аз сарчашма бошад, имконият фароҳам меоварад, ки ҳангоми ба кор даромадани телевизор овоз зуд ба саундбар гузаронида шавад.
Дар бораи ширкати LG Electronics
Ширкати LG Electronics Inc дар бозори ҷаҳонии электроникаи истеъмолӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ пешрав ва истеҳсолкунандаи технологияҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ширкат 82 000 корманд дорад, ки дар 119 коргоҳ дар тамоми олам фаъолият мебаранд. Ҳаҷми фуруши сартосарӣ дар 2014 сол, 56 млрд.доллари амрикоиро (59трлн. вони кореяги) ташкил дод. Ширкати LG аз чор қисмати тиҷоратӣ - Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, яке аз барандагони асосӣ оид ба истеҳсоли телевизорҳои ҳамворпанел, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошанд. дар соли 2015 маҳсулоти LG Electronics сазовори 41 ҷоизаи International CES® Innovations Awards гардидааст.

Дар бораи LG Electronics Home Entertainment
Ширкати LG Electronics Home Entertainment дар бозори телевизорҳои ҳамворпанел, аудио-видеоплеерҳо барои сигментҳои истеъмолкунандагон ва бизнес пешрав ва пешбаранда ба ҳисоб меравад. Дар байни номгуи маҳсулоти истеҳсолкунандаи LG Electronics Home Entertainment –телевизорҳои криссталҳои моеъ ва плазмавӣ, кинотеатрҳои хонагӣ,плеерҳои Blu-ray, дастгоҳҳои аудио ва видеоплеерҳо машҳуранд. Ширкат дастгоҳҳои бисёрфунксионалии шево ва баландҷабҳаи технологӣ истеҳсол менамояд, ки сифати вақтхушиҳои хонагиро ба сатҳи нав мебардоранд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста