Абдуқаҳҳори Давлат, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Ҷ.Румӣ №30 ба Суди ноҳияи мазкур аризаи шикоятӣ оиди монеъ шудан ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ ва сӯистифода аз мансаби давлатӣ дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шикоят бурдааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, номзади ҳизб аз суд барои барқарор кардани шаъну шараф 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб кардааст, ки ин ҳам барои ободонии маҳаллу дигар чизҳо сарф хоҳад гашт.
Даъвогарон Абдуқаҳҳори Давлат ва Абдуқодир Холисов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷ. Рӯмӣ аз болои раиси маҳаллаи М. Горкий, ҷамоати деҳаи Туғаланги ноҳияи мазкур ва ҳамҷавобгар Мақомоти худидоракунии ҷамоати Туғаланг ба суд бо якчанд нуктаҳои муҳим шикоят кардааст.
Дар ин ариза омадааст, ки дар асоси бандҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, ки барои монеъ шудан ба мулоқоти номзад ба вакилӣ ва халал ворид кардан ба корҳои интихоботӣ раиси маҳалла Раупов Раҳимбекро, ки берун аз ҳолатҳои хидматӣ амал карда, аз мансаби худ сӯистифода намудааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Чизи дигаре, ки дар ин ариза илова шудааст, ин барои паст намудани обрӯ ва ҳайсияти ҳизб ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз раиси маҳалла Раупов дар ҳаҷми 150 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ ситонида шуда, маблағи мазкур барои ободонии маҳалла ва бунёди як толори фарҳангии замонавӣ сарф карда шавад.
Ва гуфта шудааст, ки раиси маҳалла Раупов Раҳимбек ва мақомоти худидоракунии ҷамоати Тағаланг вазифадор карда шаванд, ки мулоқоти номзадро дар доираи ҷадвали тасдиқнамудаи комиссияи ҳавзавии интихобот барои мулоқот бо интихобкунандагони маҳаллаи мазкур фароҳам биёранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста