Шикояти узви ҲСДТ, адвокат Бузургмеҳр Ёров нисбати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон имрӯз дар коллегияи Суди олии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Рӯзи 18 феврал прокурор Комил Зоирзода зимни мурофиа оид ба баррасии ин шикоят дар Суди олӣ дархост намуд, ки шикояти кассатсионии мазкур қонеъ карда нашавад, зеро Бузургмеҳр Ёров ба КМИР маълумотнома дар бораи амволро пешниҳод накарда, гаравпулии интихоботӣ дар ҳаҷми 4 ҳазор сомониро пардохт накардааст ва аз ин рӯ, шикояташ беасос мебошад.
Аммо Ёров дар навбати худ қайд кард, ки ҳеҷ касе ӯро аз пардохти гаравпулӣ огоҳ накардааст ва ӯ омода аст, ки ин маблағро пардохт намояд. «Дигар ҳама ҳуҷҷатҳои заруриро ман ба КМИР пешниҳод кардам ва намедонам, ки онҳо куҷо бедарак шудаанд», - иброз дошт номбурда.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода, ки аз манфиатҳои КМИР дар суд ҳимоя мекард, дар ин робита изҳор намуд, ки мутобиқи меъёрҳои пешбинишуда дар моддаи 35-и Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ», ҳеҷ касе номзадро дар бораи пардохти гаравпулии интихоботӣ огоҳ намекунад ва ин яке аз шартҳо барои номзадҳо мебошад.
«Ғайр аз ин, Ёров ба КМИР маълумотнома дар бораи амволашро низ пешниҳод накард, ки ҳамчунин ҳуҷҷати зарурӣ барои сабти расмӣ ба сифати номзад ба вакилӣ ба шумор меравад», - таъкид дошт Додозода
Адвокат Бузургмеҳр Ёров санаи 14 январ ба ҳавзаи интихоботии Сомонӣ №8 бо дархости сабти расмии номзадиаш ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муроҷиат намуд, аммо бинобар сабаби ҷой доштани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳояш, ин дархосташ рад шуд.
Дар ҷаласаи рӯзи 12 феврал КМИР аризаи Бузургмеҳр Ёровро баррасӣ намуда, тасмим гирифт, ки қарори қаблан қабулшуда дар бораи рад кардани сабти номзадии Б.Ёров бетағйир гузошта шавад. Пас аз ин адвокат тасмим гирифт, ки аз болои КМИР ба Суди олӣ шикоят мекунад.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста