Имрӯз Шӯрои директорони иҷроияи Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷудо  кардани  45  миллион  долл.ИМА-ро  ҷиҳати  маблағгузорӣ  намудани  марҳилаи  дуввуми Барномаи  беҳсозии  роҳҳои  нақлиётии  Осиёи  Марказиро,  ки  дар  Тоҷикистон  дар  давоми  солҳои 2015  –  2020  амалӣ  мегардад,  ба  тасвиб  расонид. 

Тавре аз Бонки ҷаҳонӣ хабар доданд, ҳадафи  лоиҳаи  мазкур  аз  беҳтар  намудани  алоқаи  нақлиётӣ  байни  Тоҷикистон  ва  кишварҳои  ҳамсоя  дар  доираи  роҳҳои  асосии  фаромарзӣ дар вилояти Суғд иборат буда дар натиҷаи татбиқи он  алоқаи нақлиёт  байни аҳолӣ ва ширкатҳо, бозорҳо ва имкониятҳо дар сатҳи минтақавӣ таъмин мегардад.

Барномаи  беҳсозии  роҳҳои  нақлиётии  Осиёи  Марказӣ  (CARs)  барномаи  муштараки  минтақавӣ, бисёрмарҳилавӣ  мебошад,  ки  аз  ҷониби  ҳукуматҳои  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  оғоз  карда шудааст.  Барнома ба беҳтар намудани алоқаи нақлиёт байни кишварҳои ҳамсоя равона шуда дар  такмилдиҳии таҷрибаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳо мусоидат мекунад. Марҳилаи аввали барномаи  CARs,  ки  Ҷумҳурии  Қирғизро  дар  бар  мегирад,  ба  барқарорсозии  алоқаҳои  роҳҳои нақлиётии фаромарзии Тоҷикистон ва вилояти Бодканд равона шудааст.

Марҳилаи  дуввуми  Барномаи  беҳсозии  роҳҳои  нақлиётии  Осиёи  Марказӣ  –  CARs-2  ба барқарорсозии  тақрибан  70  километри  қитъаҳои  роҳи  фаромарзӣ  дар  вилояти  Суғд,  ки  шабакаи роҳҳои  нақлиётии  Тоҷикистонро  бо  Узбекистон  ва  Ҷумҳурии  Қирғиз  мепайвандад,  равона  хоҳад шуд. Бахусус, қитъаҳои роҳе, ки бояд барқарор карда шаванд инҳо мебошанд: Кучкак-Ким-Исфара-минтақаи марзии Гулистон  (45,1  км),  Деҳмой-Пролетарск-  минтақаи марзии Маданият  (16,9 км),  аз он  ҷумла  алоқа  ба  терминали  роҳи  оҳан  дар  Пролетарск  ва  минтақаи  марзии  Конибодом-Патар  (5,7 км).

«Дар  Тоҷикистон  сатҳи  пайвастшавӣ  аз  ҳама  паст  буда,  кишвари  аз  ҳама  дурдаст  ва  дорои алоқаи  маҳдуди  минтақавӣ  ва  байналмилалӣ  мебошад,  ки  бо  назардошти  релефи  куҳӣ  ва шабакаи  хурди  роҳи  оҳан,  нақлиёти  роҳ  дар  он  ягона  вариант  мебошад,”  - мегӯяд  Патрисия Виверз-Картер,  намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.  - Тавассути маблағгузории барқарорсозии  роҳҳои  нақлиётии  фаромарзӣ  дар  вилояти  Суғд,  ки  40  фоизи  ҳаракати  умумии нақлиёти боркаш дар кишвар ба он рост меояд, лоиҳа имкониятҳои савдоро васеъ намуда сатҳи рақобатпазирии  маҳсулоти  ватаниро  баланд  мебардорад,  ки  он  ба  рушди  бахши  хусусӣ  ва таъсисдиҳии ҷойҳои корӣ оварда мерасонад.”

Илова  бар  корҳои  барқарорсозӣ,  лоиҳа  Вазорати  нақлиёти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  дар такмилдиҳии  таҷрибаи  истифодабарии  роҳ  ва  идоракунии  дороиҳо  дастгирӣ  хоҳад  намуд.  Ба  ин анҷом  додани  корҳои  зерин  дохил  мешавад:  дастгирӣ  дар  таҳия  намудани  Стратегияи  рушди бахши  нақлиёт  то  соли  2050,  баррасии  стандартҳои  техникӣ,  меъёрҳо  ва  параметрҳои  вазни воситаҳои нақлиёт, ҳудуди сарборӣ ба тири меҳвар ва нархгузорӣ, инчунин таҳия намудани нақшаи стратегӣ  ҷиҳати  ҷорӣ  намудани  низоми  назорати  сарбории  тири  меҳвар.  

Дар  робита  бо идоракунии  дороиҳо,  лоиҳа  харидорӣ  намудани  таҷҳизоти  геодезиро  (аз  он  ҷумла маълумотномаҳои географӣ) маблағгузорӣ намуда дар ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳо дар Вазорати нақлиёт ҷиҳати ҳаллӣ мушкилоти автомашинаҳои изофабор кӯмак мерасонад.

Барномаи CARs-2  аз ҷониби Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар давоми панҷ сол амалӣ мегардад. Ҳаҷми умумии саҳми Бонки ҷаҳонӣ аз 45 миллион долл. ИМА иборат буда, аз он  $38,25  миллион долл. ИМА ҳамчун қарзи имтиёзнок ва  $6,75 миллион долл.ИМА ҳамчун грант пешниҳод мегардад. Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  маблағгузории  муштаракро  дар  ҳаҷми  9  миллион  долл. ИМА таъмин кардааст.  Аз рӯи ҳисобҳо, тақрибан 2,6  миллион нафар аҳолии вилояти Суғд бевоста  аз лоиҳа  баҳра  хоҳанд  бурд,  ки  истифодабарандагони  мунтазами  роҳ  буда  тавассути  қитъаҳои  роҳ сафар хоҳанд намуд.

Сандуқи  фаъоли  Бонки  ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон  аз  12  лоиҳа  ва  маблағи  умумии  $185.1  миллион доллари  ИМА  иборат  буда  ба  дастгирии  афзоиши  иқтисодӣ  тавассути  рушди  бахши  хусусӣ  ва сармоягузорӣ  ба  беҳсозии  хизматрасониҳои  ҷамъиятӣ  барои  мардум,  ба  монанди  маориф, тандурустӣ,  хизматрасониҳои  коммуналӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоӣ  равона  шудаааст.  Аз  соли  1996 инҷониб,  Бонки ҷаҳонӣ маблағи  умумии  $978  миллион долл.ИМА-ро  дар шакли грант ва қарзҳои

имтиёзнок  аз  ҷониби  Ассотсиатсияи  байналмилалии  рушд  ва  захираҳои  фондҳои  мақсаднок  ба Тоҷикистон ҷудо намудааст.

Гуруҳи  Бонки  ҷаҳонӣ  омода  аст,  ки  минбаъд  дастгирии  Тоҷикистонро  идома  диҳад,  азбаски  он ҷиҳати беҳтар намудани зиндагии мардум ва  ва қонеъ гардонидани талаботҳои аҳолии ҷавон ва афзоишёбанда кӯшиш ба харҷ медиҳад.