Мувофиқи дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи шаби имрӯз, 27 феврал реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар минтақаҳои кишвар комилан бекор карда шуд.
Сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бекор кардани лимити истифодаи барқ бо назардошти имконоти мавҷудаи шабакаҳои барқи кишвар, ки тайи 5-6 соли ахир иқтидорашон нисбат ба замони шӯравӣ 1 ҳазору 20 мегаватт ё худ 24% афзуд, сурат гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, ба имсол барвақттар бекор шудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар кишвар ҳамчунин соли гузашта мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳиии «Душанбе-2», агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ мусоидат намуданд.
«Мо ба истеъмолгаронамон итминон медиҳем, ки пешгӯиҳои бархе аз ба истилоҳ коршиносон, ки бо ногаҳон фарорасии сардиҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз то фасли баҳор метавонанд боз маҳдудиятҳои нав барои истифодаи барқ ҷорӣ шаванд, ҷомаи амал нахоҳанд пӯшид», - афзуд сухангӯи ширкат.
Ёдрас мекунем, ки қаблан сарвари давлат ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо то 18 соат дар як шабонарӯз дароз карда шавад ва аз 21 феврал аҳолии минтақаҳо аз соати 05-00-и субҳ то 23-00-и шаб бо барқ таъмин аст.
Аввали ҳафтаи гузашта бошад, Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки аҳолии кишвар дар як шабонарӯз 13 соат бо нерӯи барқ таъмин карда шавад. Он замон хадамоти матбуоти сарвари давлат зикр карда буд, ки минбаъд вақти интиқоли барқ ба аҳолии минтақаҳо тадриҷан зиёд мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола аз аввали моҳи октябр то моҳи апрел дар минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста