Нимаи аввали рӯзи 26-уми феврали соли ҷорӣ дар Саридораи геология бо иштироки роҳбарияти Саридора ва намояндагони ширкати Газпроми Федератсияи Россия мулоқоти дуҷониба баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Саридораи геологияи ҶТ, дар мулоқот аз ҳисоботи солонаи ширкат оид ба корҳои иҷрошуда дар майдони Сариқамиш натиҷагирӣ шуда, аз ҷониби намояндагони ширкат қайд карда шуд, ки оғози корҳои омӯзиши геологии майдони Шоҳамбарии Ғарбӣ дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамзамон барои иҷрои босифату саривақтии нақшаҳои корӣ барои соли 2015 ҷонибҳо пешниҳодҳои худро иброз намуда, инчунин қайд карда шуд, ки барои пешрафти ҳамкориҳо аз ҳамагуна имконият истифода хоҳанд кард.
Қаблан аввали соли ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода дар ҷамъи журналистон изҳор карда буд, ки ҶСП «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром») захираҳои бузурги карбогидридҳои корношоям барои коркарди саноатӣ дар майдони Сариқамиши Тоҷикистонро кашф кардааст.
«Овозаҳои бо ин сабаб Тоҷикистгонро тарк кардани ин ширкат бепоя буда, натиҷаҳои бадастомада гувоҳи онанд, ки дар ин майдон захираи нафту газ мавҷуд аст ва аз ин рӯ, ширкат ба корҳо дар ин майдон идома медиҳад, зеро дар анҷоми корҳои иҷрошуда воситаҳои зиёд масраф гардида, онҳоро баргардонидан лозим аст», - гуфта буд вазир.
Вазир таъкид намуд, ки маълумоти бадастомада аз ин майдон зимни баргузории корҳои иктишофии геологӣ давоми сол аз ҷониби коршиносони пажуҳишгоҳҳои ширкати «Газпром» мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, сипас нуқтаи дуюми пармакунӣ муайян карда мешавад.
«Ғайр аз ин, мувофиқи созишномаи баимзорасида, давоми сол «Зарбежнефтегаз» дар майдони нафтугаздори Шоҳамбарии Ғарбӣ низ бояд корҳои иктишофиро ба роҳ монад», - афзуд Усмонзода.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данғара) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) даст кашида буд.
Қобили зикр аст, ки ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста