Муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Раънохон Маҳмудзода сафири кабири кишвари Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Такаши Комадаро ба ҳузур пазируфта, бо ӯ мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суҳбат Раънохон Маҳмудзода ба дипломати ҷопонӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихобот, раванди таблиғоти пешазинтихоботӣ ва тарзу услуби замонавии таъсиррасонӣ ба электорат маълумот дода, қайд кард, ки ҲДТТ фаъолияти худро дар доираи қонунҳои интихоботӣ роҳандозӣ намуда, аз шароиту муқаррароте, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ҷиҳати таблиғоти пешазинтихоботӣ манзур намудааст, самаранок истифода мебарад.
«Дар баробари ин бо табақаҳои мухталифи ҷомеа суҳбату вохӯриҳо ва мулоқотҳои фаъолони ҳизб ва номзадҳои онро ба таври густурда ташкил карда истодаем. Аз ҳамаи намудҳои васоити ахбори омма, расонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии он самарабахш истифода мебарем. Дар саросари ҷумҳурӣ ба теъдоди бешаз 1,5 миллион варақаю мусаввараҳо ва шиору плакатҳоро паҳн кардем. Табиист, ки дар чунин ҳолат ҳизби мо фазои иттилоотии мамлакатро бештар фарогир шудааст», - иброз доштааст Раънохон Маҳмудзода.
Гуфта мешавад, дар навбати худ сафири Ҷопон ба масъалаи иштироки васеи мардум дар ин маъракаи интихоботӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҳамзамон дар мавриди пешрафтҳои солҳои охири кишвари Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои миёни ду мамлакат ибрози назар ва изҳори боварӣ намудааст, ки интихобот ба таври шаффофу демократӣ барпо мегардад ва он барои рушди демократия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста