Рӯзи 26 феврали 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Миср Ҳишом Бадр сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Миср, дар вохӯрӣ масъалаҳои бисёрҷониба ва амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла густариши ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, дар ин замина таъкид гардид, ки ҷониби мисрӣ ният дорад, ки дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ роҷеъ ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015, ки дар Душанбе 9-11 июни 2015 баргузор мешавад, фаъолона иштирок кунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста