Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бинобар сабаби аз офати табиӣ ҳ алок гардидани шумори хеле зиёди шаҳрвандони ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад: «Ҷалолатмаоб, хабари боридани барфи зиёд ва фаромадани баҳман (тарма) дар қисмати шимолу шарқии кишвари дӯст, ки сабаби ҳалокати садҳо шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт».
«Аз Ҷалолатмаоб хоҳиш мекардам, ки ҳамдардии самимии моро ба мардуми бародари Афғонистон бирасонанд. Худованди мутаъол ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд», - омадааст дар барқия.
Бино ба иттилои хабаргузории Франс-Пресс, бар асари ин офати табиӣ дар Афғонистон 260 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷоти осебдидагон идома дошта, ба манотиқе, ки равуои нақлиёт ба онҳо имконпазир аст, кумаки башардӯстона ирсол мегардад.




Тоҷикистон барои баргардони шаҳрвандонаш аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ ташкил мекунад
Соли гузашта 9 мансабдор барои нақзи қонуни танзим ба додгоҳ кашида шудаанд
Эрон содироти маҳсулоти хӯроквориро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии "ITB Berlin-2026"
"10 ҳазор сомонӣ ришва гирифт". Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Леваканд қариб 15 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ва посухи Эрон. Шаби гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Пешгӯии коршиносон дар бораи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон
Оғози мавсими мубориза бо малах. Барои нобудсозии ин ҳашарот аз паҳподҳо истифода мекунанд
Гарм, вале бо борону раъду барқ. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 39
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста