Маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба итмом расид. Соати 20-00-и вақти маҳаллӣ ҳамаи қитъаҳои интихоботӣ баста шуда, ҳисобу китоби овозҳо оғоз гардид.
Интихобот ҳанӯз соати 15-и рӯз баргузоршуда эътироф гардид, ки то ин замон аллакай беш аз 74%-и интихобкунандагон овоз дода буданд. Соати 18-и вақти маҳаллӣ дар интихобот 3 млн. 515 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуданд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон зиёда аз 81%-ро ташкил дод.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозоа иттилоъ дод, ки натиҷаҳои ниҳоии иштироки интихобкунандагон имрӯз зимни брифинг эълон мегардад. Ҳамчунин имрӯз натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ низ эълон карда мешаванд. Тибқи маълумоти КМИР интихобот ба таври демократӣ, шаффофу кушода ва бидуни қонуншиканӣ сурат гирифт.
Ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил - аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ - 22 нафар ва аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ - 22 нафар вакилон интихоб карда мешаванд.
Барои курсиҳои вакилӣ дар маҷмӯъ 285 нафар номзадҳо (103 нафар - тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 182 нафар - аз ҳавзаҳои якмандатӣ, аз ҷумла ҳудуди 80 нафар тариқи худпешбарӣ) рақобат карданд. Миёни номзадҳо 30 нафарашон занон мебошанд.
Дар интихобот ҳамаи 8 ҳизби сиёсии кишвар - Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок карданд.
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ) ҳизбҳое, ки аз шумори умумӣ зиёда аз 5% овозҳоро мегиранд, ба курсиҳо дар парлумон соҳиб мешаванд.
Дар мониторинги интихобот 528 нафар нозирони байнулмилалӣ ва зиёда аз 1 ҳазор нафар нозирони маҳаллӣ ҳузур доштанд. Ҷараёни интихоботро беш аз 100 нафар хабарнигорони васоити ахбори умуми расонаҳои хориҷӣ инъикос намуданд. Нозирон хулосаҳои худро имрӯз пас аз эълони натиҷаҳои пешакии интихобот аз ҷониби КМИР иброз медоранд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста