Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов пирӯзиаш дар интихобот ба палатаи поёнии парлумонро изҳор намуд.
Раиси ҲДТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошт, ки дар ин маърака беш аз 77%-и интихобкунандагон ба ҷонибдории ӯ овоз додаанд. «Ба ман аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор №34 занг зада, бо ғалаба табрик карданд», - иброз дошт ӯ.
Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл аз интихобот се нафар номзадҳои расман сабтиномшуда аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Фархор №34 якбора номзадии худро бозпас хонда, аз рақобати минбаъда даст кашиданд. Инҳо номзади Ҳизби аграрӣ Нуриддин Азматов, намояндаи Ҳизби халқии демократӣ Сафаралӣ Шарифов ва номзади худпешбаришуда Мавлонбӣ Тӯраева мебошанд.
Дар ин ҳавза барои курсии вакилӣ раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҲНИТ Зайниддин Юсуфов ва номзади худпешабришуда Юсуфхон Сайфиддинов рақобат карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста