Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) Бахтовар Сафарови 31-сола дар маъракаи интихобот аз ҳавзаи интихоботии Вахш-32 пирӯзӣ ба даст овард.
Раиси ҳавзаи интихоботии Вахш-32 Неъмат Зардиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки номзади ҲХДТ Бахтовар Сафаров бо касби 89,3%-и раъйи интихобкунандагон ғолиб дар ин ҳавза эътироф шуда, рақибони ӯ аз ҲНИТ Қиёмиддин Авазов - 4,5% ва номзади худпешбаришуда Қурбоналӣ Шарипов - 5,4%-и овозҳои интихобкунадагонро соҳиб шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсӣ ва нозирон дар ин ҳавзаи интихоботӣ ягон шикоят ба ҳавза ворид нашудааст.
Бахтовар Сафаров номзади улуми ҳуқуқшиносӣ, муовини ректори ДМТ буда, тибқи маълумоти пешакӣ, яке аз вакилони ҷавони парлумони оянда ба шумор меравад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста