Зимни брифинги имрӯза дар Душанбе намояндагони ҳайати байнулмилалии нозирон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон изҳор намуданд, ки сарфи назар аз вуҷуд доштани интихоби начандон зиёди сиёсӣ, маъракаи интихоботӣ дар Тоҷикистон дар вазъи назоратшаванда баргузор гардид.
Ба гуфтаи Миклош Ҳарасти, раиси Миссияи Нозирони Интихоботи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА), «интихобот ба ҳукумат вобастагӣ дошт, ки тамоми ҷараёни онро «аз боло то поён» назорат мекард. Ӯ таъкид дошт, ки ин интихобот оркест бо дирижёрро ба хотир меовард.
Номбурда қайд кард, ки КМИР дастурҳои махсус нашр накардааст, ки аз имкони содир шудани қонуншиканиҳои гуногун пешгирӣ шавад. «Як нафар метавонист чандин маротиба овоз диҳад», - иброз дошт ӯ.
Намояндаи САҲА зикр кард, ки ҳангоми маъракаи пешазинтихоботӣ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро бо номи «ҳизби ҷанг» айбдор карданӣ мешуданд ва дар интихобот ба ин ҳизб ҳамаҷониба халал мерасониданд.
Ғайр аз ин, ба таъкиди ӯ, ба дигар ҳизбҳо платформаи сиёсӣ дода нашуда, сиёсатмадорони мухолиф мавриди таъқиб ва бархе аз онҳо маҳкум шуданд.
Ҳарасти бар ин назар аст, ки бидуни муколамаи дахлдор ва муҳайё сохтани шароити баробар ба ҳамаи иштирокчиён баргузор намудани интихоботи демократӣ ғайриимкон аст. «Қариб 70%-и овозҳо дар сатҳи бад ё хеле бад ҳисобу китоб шуданд», - гуфт ӯ.
Номбурда илова намуд, ки «дар Тоҷикистон ягон кафолати интихоботи мунсифона ва шаффоф вуҷуд надорад».
Ҳамчунин дар бораи камбудиҳои сершумор дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамоҳангсози махсус ва роҳбари миссияи кӯтоҳмуҳлати нозирони САХА Мариетта Тидеи ва роҳбари ҳайати Ассамблеияи парлумонии САҲА Йорген Беккеволт низ ибрози назар намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста