Нимаи дуюми рӯзи 2 март Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия - дабири иҷроии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедевро, ки ба ҳайси раҳбари гурӯҳи нозирони кишварҳои аъзои ин иттиҳод барои назорат аз болои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба рафти омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки рӯзи 1-уми март доир гардид, баррасӣ шуд.
Гуфта мешавад, Сергей Лебедев аз мушоҳидаҳои нозирони ИДМ дар ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон иттилоъ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки аз 9 кишвари иттиҳод 257 нозир дар ин гурӯҳ қарор доранд ва онҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳузур доштанд.
Ба иттилои манбаъ, роҳбари гурӯҳи нозирони ИДМ бори дигар таъкид доштааст, ки интихобот дар фазои демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории Тоҷикистон ҷараён гирифт.
Зимнан зикр мегардад, ки гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили вобаста ба ҳамкориҳои дигари кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва нақши Тоҷикистон дар ин иттиҳод сурат гирифт.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста