Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 2 март директори генералии ширкати «Гурӯҳи ширкатҳои 19»-и Чин Жан Юнтсузунро ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот масъалаи иштироки ин ширкат дар сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон баррасӣ шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки нахуствазир ба ҳамсуҳбати худ маълумот дод, ки бо супориши президенти мамлдакат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони қитъаи роҳи оҳани мазкур бояд то моҳи сентябри соли 2016 ба итмом расонида шавад.
«Расулзода таъкид дошт, ки сарфи назар аз имконоти бузурги моливу фаннии ширкат дар бунёди пулу нақбҳо, суръати сохтмони қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон нисбатан сусут ҷараён дорад», - қайд кард Муҳиддинов.
Зимнан зикр гардид, ки дар ин робита тасмим гирифта шуд, ки ояндаи наздик ширкати Чин нақшаи комплексии иҷрои корҳо дар иншооти мазкурро таҳия намуда, техникаву таҷҳизот ва масолеҳи зарурии сохтмонро ба Тоҷикистон ворид месозад.



Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста