Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода имрӯз зимни вохӯрӣ бо журналистон қайд кард, ки изҳороти рӯзи душанбе аз ҷониби раиси Ҳизби коммунист Шодӣ Шабдолов садодода баъди эълони натиҷаҳои интихобот дар бораи воқеъан як қаноати ҲХДТ будани Ҳизби аграрӣ, умуман ба воқеъият рост намеояд.
«Мо аграриёни Тоҷикистон ҳамчун ҳизби мустақили сиёсии кишвар, дар симои ҲХДТ чун дигар аҳзоби сиёсӣ рақиб ва ҳарифи худро мебинем, аз ин рӯ, гуфтаҳои Шабдоловро тамоман беасос ва бедалел мешуморам», - қайд кард раиси ҲАТ.
Рустам Латифзода зикр кард, ки ҳамчун сиёсатмадор фаъолияти сиёсӣ ва давлатии Шодӣ Шабдоловро арзанда арзёбӣ мекунад ва дар бисёр масъалаҳо ӯро устоди худ медонад.
«Ману ҳаммаслаконам дар ҳизб аз Шодӣ Шабдолов озурдахотир нестем, зеро ин гуфтаҳоро ӯ сари эҳсосот ба забон овард», - зикр кард Латифзода.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта баъди элони натиҷаҳои интихобот дар КМИР раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов интихоботи парлумонии баргузоршударо комилан мазҳака (фарс) унвон кард.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти КМИР Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон имкон дорад, ки дар парлумони нав фраксияи худро ташкил намояд, зеро тибқи рӯйхати ҳизбӣ ҲАТ се курсӣ ва аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ду курсии вакилӣ дар палатаи поёнии парлумонро ба даст овард, ки мутобиқи қонунгузорӣ, бо касби 5 ҷойи парлумонӣ, ҳизб ба таъсиси фракисияи худ дар парлумон ҳуқуқ пайдо мекунад.
Зимни мулоқот бо журналистон раиси ҲАТ қайд кард, ки ба парлумони нав ворид шудани 5 узви ҳизб ва таъсиси фраксия дар парлумон як дастовард аст. «Ҳарчанд мо касби ҳудуди 20%-и раъйи интихобкунандагонро дар нақша доштем», - гуфт ӯ.
«Вазифаи асоси мо дар парлумон ба эътимоди мардум сазовор шудан ва ҳамчнуин амалисозии барномаи пешазинтихоботии ҳизб аст, ки ба ҳалли мушкилоти бахши аграрӣ ва рушди деҳот нигаронида шудааст», - зикр кард Латифзода.
Ба андешаи ӯ, дастоварди ҲАТ дар интихобот дар он ифода меёбад, ки ҳизб ба интихобкунандагон ваъдаҳои подарҳаво надодааст. «Мо ба мардум ба таври дастасу фаҳмо нақшаҳои худро шарҳу тавзеҳ додем», - таъкид дошт раиси ҲАТ.
Дар робита ба ҳамкории ҲАТ бо ҳукумати ҷумҳурӣ, Латифзода таъкид намуд, ки он созанда хоҳад буд, «зеро ҳадаф ва вазифаҳои ҳамаи нерӯҳои сиёсии кишвар ва мақомоти давлатӣ ҳамсон аст, яъне рушди Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба мардуми он.
«Дар парлумон мо қабл аз ҳама ба масъалахои кам кардани андоз барои намояндагони бахши кишоварзӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии фермерон таваҷҷуҳ зоҳир хоҳем кард», - таъкид дошт Рустам Латифзода.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста