Дар шаҳри Хуҷанд натиҷаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ҷамбаст гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, тибқи маълумоти комиссияи интихоботии шаҳрӣ, дар тамоми 40 ҳавза интихобот баргузоршуда ҳисоб гардида, вакилон бо аксарияти овозҳо ба мақоми вакилӣ соҳиб гаштанд.
Гуфта мешавад, аз 40 нафар вакилони интихобгардида 35 нафар (87,5%) аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, як нафар аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 2 нафар Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва 2 нафар аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошанд.
Зимнан зикр мегардад, ки ба мақоми номзад ба вакили шаҳрӣ 81 нафар ба қайд гирифта шуданд, ки 54 нафар аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон, 3 нафар аъзои Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, 7 нафар Ҳизби аграрии Тоҷикистон, 16 нафар Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва як нафар ғайриҳизбӣ буданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста