4-уми марти соли 2015 дар Маркази Идораи Лоиҳаҳои Бахши Энергетикӣ (МИЛБЭ), машварати кории муовини Сарвазир Азим Иброҳим бо роҳбарон, кормандон ва машваратчиёни лоиҳаҳои энергетикӣ баргузор гардид.
Муовини Сарвазир зикр намуд, ки энергетика аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ба шумор меравад ва лоиҳаҳое, ки дар ин бахш амалӣ мегарданд, зери назорати доимии Сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, вобаста ба ин зарур аст, ки онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргардида, бо сифати баланд ва дар доираи маблағҳои пешбинишуда иҷро гарданд.
Тамдид намудани мӯҳлати иҷрои лоиҳаҳо набояд ба касбияти мутахассисони маҳалӣ ва мушовирони хориҷӣ вобастагӣ дошта бошад, чунки ин омил ба самаранокӣ ва афзудани арзиши лоиҳаҳо таъсири манфӣ мерасонад, ки қобили қабул нест
Айни замон тавассути Марказ (МИЛБЭ), 9 лоиҳа бо шарикони рушд дар ҳудуди 900 млн. доллари ИМА амалӣ гардида истодааст. Бешубҳа амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо ба барқарор ва солим гардонидани системаи барқтаъминкунӣ, баланд бардоштани сифати таъмини барқ ба муштариён ва паст кардани талафоти нерӯи барқ оварда мерасонанд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва МИЛБЭ вазифадор мебошанд, ки ба самаранокиии неругоҳҳои хурду миёна диққати махсус диҳанд. Аз нерӯгоҳҳои хурду миёнаи сохташуда дар фасли зимистон шумораи ками онҳо бо иқтидори нопурра фаъолият мекунанд. Коэфитсиенти фоиданокии фаъолияти аксарияти онҳо дар ин фасл аз 30 то 40 фоизро ташкил медиҳад, ҳоло он ки барои сохтмони ҳамаи онҳо расмиётҳои зарурии лоиҳакашӣ ва ташхис гузаронида шуда буданд. Минбаъд зимни таҳияи лоиҳаҳои НБО-ҳои хурду миёна ба паҳлуҳои асосӣ он, ҳаҷми об, ҷоришавию воридшавии об ба нерӯгоҳҳо дар фасли зимистон диққати махсус бояд дода шавад ва лоиҳаҳое ки самаранокии онҳо дар фасли зимистон паст мебошанд танҳо вобаста ба зарурият баррасӣ гарданд.
Масъалаи дигари нигаронкунанда ин 17-18% талафоти солонаи нерӯи барқ мебошад. Тибқи мониторинги самаранокии истифодаи барқ, талафот на дар самти ХИБ-и 500, 220, 110 кВт, балки маҳз дар мавзеъҳое, ки омили таъсири беруна зиёд мебошад, сурат мегирад, яъне агар як сабаб кӯҳнаю фарсуда будани хатҳои интиқоли барқ бошад, сабаби дигар ин омилҳои вобаста ба инсон мебошанд, ки дар дар гузаргоҳҳои тақсимкунандаи 10/04 кВт ба вуқӯъ мепайванданд. Айни замон ин масъала зери омӯзиш қарор дода шуда, бевосита бо ҷалби мутахассисони касбӣ таҳқик шуда истодааст, ки натиҷаҳои мунтазираи он метавонад ба ин мушкилот равшанӣ андозад. Ҳамзамон бо мақсади бартараф намудани мушкилотҳои ин соҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро амалӣ гардонида истодааст, ки мақсади асосии онҳо беҳтар намудани вазъи молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик», беҳтар намудани сифати барқи ба муштариён интиқолшаванда, кам намудани талафотҳои техникӣ ва тиҷоратӣ, таҷдиди шабакаҳои барқӣ ва кам намудани шумораи садамаҳо мебошад. Бо ин мақсад дар соли 2015 дар доираи лоиҳаҳои амалӣ шудаистода илова ба корҳои анҷомшуда, ҷорӣ намудани системаи биллинг, васл намудани 40 ҳазор ҳисобгиракҳо дар ш. Душанбе ва 97 ҳазори дигар дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Муовини Сарвазир аз сифати корҳои Ширкати «АLSTOM Grid GmbH» (Олмон) дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсим-кунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак», ки бо гранти Бонки Рушди Осиё амалӣ гардида истодааст ёдовар шуда, қайд намуд, ки Лоиҳа тавонист маблағи муаянеро сарфа намояд, ки қобили дастгирист.
Дар интиҳои машварати корӣ, муовини Сарвазир бори дигар таъкид намуд, ки лоиҳаҳои энергетикӣ бояд дар мӯҳлати лоиҳавӣ, дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва бо сифати хуб анҷом дода шаванд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста