Сарфи назар аз афзоиши ҳаҷми умумии фурӯш ва коҳиши ду баробари қарз, ҳамчунин нияти роҳ ёфтан ба бозорҳои Тоҷикистон, ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и «Ашан»-и Фаронса беш аз 25%-и фоидаи софашро аз даст дод. Дар ин бора васоити ахбор умуми Русия иттилоъ медиҳанд.
Нашрияи «Деловой квартал» дар ин робита менависад, соли буҳронии 2014 ба шабакаи мағозаҳои гипермаркети «Ашан» дар ҳаҷми аз даст додани ҳудуди 25,2%-и фоидаи соф зиёни зиёд расидааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми умумии фурӯши ширкат афзудааст.
«Газета.ру» бо истинод ба France-Presse дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамин ҳол, қарзи софи ширкати «Ашан» қариб ду баробар - то 1,8 млрд. евро коҳиш ёфтааст.
Қаблан маълумоте интишор гардида буд, ки яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и маҳсулоти ғизойии Русия «Ашан Россия», ки яке аз воҳидҳои ширкати фаронсавии «Ашан» аст, бо ширкати Schiever оид ба ифтитоҳи мағозаҳо дар Тоҷикистон шартномаи франшизӣ (додани маҷмӯи ҳуқуқҳо) ба имзо расонид.
Зикр гардида буд, ки воҳиди русиягии «Ашан» маҳсулоти дар Русия истеҳсолшударо таҳти тамғаи тиҷоратии худ ба Тоҷикистон таҳвил медиҳад. Интиқоли маҳсулот аз анбор дар шаҳри Новосибирск сурат мегирад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста