Ба унвони роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (ФБД) аз номи мушовири бахши мубориза бо терроризм ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бюрои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Питер Хайник мактуб ворид гардид.
Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, дар нома аз ҷумла омадааст: «Бо арзи эҳтиром ва самимият мехоҳам миннатдории худро ба шумо барои ҳамкориҳои муфиди кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилали Душанбе» бо САҲА баён намоям».
Намояндаи САҲА дар ин робита қайд кардааст, ки дар давраи 22-28 феврал соли 2015 ҳангоми пешвоз ва гусели иштирокчиён ва ҳайатҳои расмии семинари байналмилалӣ-«Ҳамкориҳои минтақавӣ ва самаранокии мубориза бо ин қабил зуҳурот ба монанди ҷангиён-террористон», ки бо ибтикори Бюрои САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардид, кормандони фурудгоҳи Душанбе аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
«Алалхусус мехоҳам фаъолияти шӯъбаи таъмини нақшаи шабонарӯзии парвозҳои Хадамоти истеҳсолӣ- тиҷоратии фурудгоҳро қайд намоям, ки кормандони шуъбаи мазкур масъалаҳои ба миёномадаро фаврӣ ҳаллу фасл намуда, дар ниҳояти кор барои бо муваффақият анҷом ёфтани чорабинии мазкур мусоидат намуданд», - баён мегардад дар мактуби мазкур.
Дар идома гуфта шудааст: «Бо истифода аз мавриди муносиб, мехоҳам барои ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ намуда, ба Шумо ва кулли кормандони корхонаатон комёбӣ ва пешравиҳоро таманно намоям».
Зимнан зикр гардид, ки бо ҳамин мазмун ба унвони роҳбарияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз Бюрои САҲА оид ба масъалаҳои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон низ мактуб ворид гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста