Имрӯз, 11 марти соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мазкур, созишномаи мазкурро аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва масъулини ташкилотҳои қарзии хурд имзо намуданд.
Дар маросими имзои Созишнома ҳамчунин сафири Олмон дар Тоҷикистон ҷаноби Ҳолгер Грэн, роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, намояндагони бонк ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Барномаҳои мазкур аз ҷониби Бонки олмонии рушд (KfW) дар доираи ҳамкории дуҷонибаи молиявӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Барнома аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намудани маблағи молиявиро ба ҳар кадом бонк ва ташкилоти қарзии хурд, ки интихоби пешакии дақиқро барои додани қарз бо асъори миллӣ гузаштаанд, пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, ба институтҳои молиявие, ки дар барнома ширкат меварзанд, аз ҳисоби мушовирони AFC Consultants International ва Мактаби Франкфуртии молия ва менеҷмент кумаки техникӣ пешниҳод карда мешавад. Қарзҳои пешбинишуда дар доираи барномаи маблағгузории кишоварзӣ барои дастгирии лоиҳаҳои рушди соҳаи кишварзӣ, аз ҷумла дастрас намудани таҷҳизоти кишоварзӣ, бунёд кардани гармхонаҳо, кандани чоҳ, сохтмони иншоотҳои обёрӣ ва хоҷагиҳои моҳидорӣ дар маҳалҳои деҳот, ҳамчунин рушди корхонаҳои деҳот, ки ба истеҳсол, коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, равона шудааст.
Тибқи барномаи маблағгузории манзил муассисаҳои молиявӣ маблағҳои қарзро барои қарздиҳии хоҷагиҳои шахсӣ дар деҳот барои харид, сохтмон, таъмири асосӣ ва васеъ кардани масоҳати манзил истифода мебаранд. Яке аз вижагиҳои асосии лоиҳаҳои мазкур кам будани фоизи қарзҳои муассисаҳои молиявӣ мебошад.
Ҳамаи қарзҳо тибқи барномаҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ, ба мисли Ҳумо, Арванд, Имон Интернешнл, Эсхата, Оксус ва Аввалин бонки молиявии хурд пешниҳод карда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста