Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе дар давоми солҳои 2015-2016-ро тасдиқ намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар нақшаи мазкур ба сохторҳои дахлдор дарёфти сарчашмаҳои нави воридоти маблағ ба буҷет дар сурати афзоиши хавфи беруна ба иқтисоди шаҳр, кам кардани хароҷот тибқи баъзе моддаҳои буҷет, ба ҷуз самтҳои иҷтимоӣ дастур дода шудааст.
Дар нақшаи мазкур, худдорӣ кардан аз хароҷотҳои иловагии берун аз нишондиҳандаҳои дар буҷети соли ҷорӣ тасдиқшуда ва кам намудани шумора ва камхарҷу сарфакорона гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва илмию варзишӣ дар арафаи иду ҷашнвораҳо, аз ҷумла, фестивалҳо, конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, озмунҳо, маҳфилҳо, намоишгоҳҳо, марафонҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, шабҳои эҷодӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва ҷашнҳои соҳавӣ тавсия дода шудааст.
Ҳамчунин дар нақшаи тасдиқшуда дастгирии соҳибкорони ватанӣ, фароҳам сохтани зиёда аз 21 ҳазор ҷойи корӣ дар шаҳр, бозбинии сиёсати рӯёнидани қарзҳо назди буҷет ва дигар тадбирҳои судманд пешбинӣ шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста