Бинобар сабаби бетартибиҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор, Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 13 март ба фурӯши мустақими асъор ба аҳолӣ хотима мебахшад. Акнун ворид кардани асъори иловагӣ ба бозор тариқи бонкҳои тиҷоратӣ сурат мегирад.
Муовини аввали раиси БМТ Ҷамшед Юсуфиён имрӯз ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки ин иқдом баҳри бештар дастрас будани асъор амалӣ гардида, барои пешгирии ҳаннотӣ аз ҷониби бонкҳои тичоратӣ, рӯзи панҷшанбе бо намояндагони ин бонкҳо вохӯрӣ гузаронида шудааст. «Мо бо онҳо созишномаҳои дахлдор ба имзо расонидем ва дар сурати риоя нашудани бандҳои он, нисбати онҳо чораҳои қатъӣ то бозхонд кардани иҷозатнома пеш гирифта хоҳанд шуд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, БМТ мониторинги ҷараёни амалишавии иқдоми мазкурро таҳти пайгирӣ қарор дода, вобаста ба вазъи мавҷуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Юсуфиён зикр кард, ки БМТ ҳамарӯза ба бозори нақд аз 1,5 то 3 млн. доллари ИМА маблағ ворид мекунад. «Ҳаҷм ва дахолат аз талаботи бозор вобаста аст, ки ҳар рӯз се маротиба таҳлил мешавад», - гуфт ӯ.
Номбурда қайд кард, ки БМТ қурби асъори миллиро ба шинои озодона раҳо карданӣ нест. «Мо қурбро нигоҳ намедорем, вале назорат хоҳем кард, то ки калавишҳои босуръат ба вуҷуд наоянд», - қайд кард ӯ.
Ба вуҷуд омадани вазъи мавҷуда дар бозори асъори кишварро Ҷамшед Юсуфиён ба мушкил шудани вазъ дар минтақа бар асари аз ҷониби кишварҳои Ғарб ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия нисбат дод, ки шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон мебошад.
Юсуфиён аз журналистон дархост намуд, ки ба корҳои шарҳу тавзеҳи ин иқдом миёни аҳолӣ мусоидат намоянд. «Давоми ду ҳафтаи ахир ба фишори қурб ҳамзамон фишори равонӣ (таҳлукаи мардум) низ илова шуд, ки ба хараҷу мараҷи беасос дар бозори асъор боис гардид», - зикр кард ӯ.
Бино ба маълумоти БМТ, аз оғози сол қурби асъори миллӣ нисбати доллари ИМА аз рӯйи қурби расмӣ - 4,1% ва қурби бозор - беш аз 10% поин рафт.
Имрӯз, 13 март қурби фурӯши доллари ИМА дар Душанбе, ки аз ҷониби БМТ муқаррар шудааст, 6,30 сомонӣ (барои 1 $)-ро ташкил медиҳад, але воқеъан бошад, асъори амрикоиро бо арзиши на камтар аз 6,60 сомонӣ метавон дастрас намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста