Тумани ғализе, ки имрӯз фазои шаҳри Душанберо фаро гирифт, ба ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тағйирот ворид намуд.
Сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар робита ба туман айни замон парвози се ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав ба таъхир афтодааст.
«Мусофирони хатсайрҳои зикршуда дар дохили ҳавопаймоҳо қарор дошта, тасмими парвоз аз ҷониби раҳбари сарнишинони тайёра қабул мешавад», - гуфт Шодиев.
Зимнан зикр гардид, ки, ба нишастани ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи Душанбе туман ҳеҷ монеъае эҷод намекунад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, туман дар фазои минтақаи ФБД тақрибан то соати 10:30-11:00 боқӣ хоҳад монд. Мизони биноӣ дар минтақаи ФБД айни замон 200 метрро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста