Денис Никитин ба вазифаи директори иҷроияи ширкати «МегаФон» дар Тоҷикистон (ҶСП «ТТ мобайл») таъин шуд. Роҳбари пешини ширкат дар Тоҷикистон Андрей Шишковский директори молиявии филиали «МегаФон» дар Урал таъин гардида, кори худро дар ҳайати Шӯрои мудирони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» идома медиҳад.
Денис Никитин дар бахши телекоуммуникатсия муддати 11 сол фаъолият дошта, нахуст соли 2004 ба ҳайси муҳандис оид ба истифодабарии пойгоҳҳои заминавӣ ва шабакаи нақлиёт дар филиали «МегаФон» дар Поволже ба кор шурӯъ намудааст. Ҳамчунин дар вазифаҳои муҳандиси пешбари пойгоҳҳои заминавӣ, роҳбари бахши фаннӣ низ ифоаи вазифа намуда, соли 2012 директори техникии ҶСП «ТТ мобайл» таъин гардааст.
Гуфта мешавад, таҳти роҳбарии ӯ лоиҳаҳои аз нигоҳи фаннӣ мушкил, аз қабили таъмини алоқа дар шоҳроҳҳои автомбилӣ ва нақбҳои Тоҷикистон амалӣ гардида, низомҳои алтернативии таъмини боэътимоди нерӯи барқи пойгоҳҳои заминавӣ ҷорӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста