Дар зарфи 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 95 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 31% камтар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, давоми моҳҳои январ-феврали соли 2015 ба Тоҷикистон ба маблағи 67,3 млн. доллари ИМА 94,7 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст. Тӯли 2 моҳи соли 2014 ба Тоҷикистон ба маблағи 114,3 млн. доллари ИМА 136,9 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.
Тибқи маълумоти Агентии омор, ба Тоҷикистон соли 2012 — 373,7 ҳазор тонна, соли 2013 – 375,8 ҳазор тонна ва соли 2014 – 579,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия интиқол дода мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.
Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста