Дар чорабиние, ки имрӯз 18 марти соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) маъракаи нави иттилоотиро оид ба аҳамияти машварати беруна барои соҳибкории хурд оғоз мебахшад.

Дар иттилоияи расмии бонк дар ин робита зикр мегардад, ки БАТР дар бораи оғози маъракаи нави иттилоотии худ оид ба таҷрибаи пешқадам дар робита бо аҳамияти машварати беруна барои соҳибкории хурд ва миёна дар вилояти Суғди Тоҷикистон эълон мекунад. Чорабинӣ дар тарабхонаи “Умари Хайём” – Гранд Отейли воқеъ дар ш.Хуҷанд, соати 16:00, рӯзи чоршанбе, 19 марти соли 2015 баргузор мегардад. Оғози маъракаи таҷрибаи пешқадам бо ифтитоҳи дафтари нави БАТР дар ш. Хуҷанд Маросими ифтитоҳ рӯзи имрӯз шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад. Имрӯз ҳамчунин дар маркази маъмурии вилояти Суғд дафтари кории нави БАТР ба фаъолият оғоз мекунад.

Дастгирии соҳибкории хурд ӯҳдадории асосии БАТР ба ҳисоб меравад, ва Бонк як қатор воситаҳои дастгирии онҳоро пешниҳод менамояд, аз он ҷумла пешниҳоди воситаҳои молиявӣ бевосита ва ҳам бавоситаи бонкҳои ҳамшарик ва мусоидат ба дастрасии онҳо ба машварати тахассусӣ дар соҳаи бизнес тавассути машваратчиёни маҳаллӣ ва байналмиллалии соҳа.

Бо вуҷуди ин, якчанд корхонаҳои хурду миёна бо мақсади мусоидат ба рушди онҳо дар ҷустуҷӯи машваратӣ беруна мебошанд. Онҳо дар бораи манфиати он итминон надошта дар бораи натиҷаҳои воқеии хизматрасонии машваратӣ маълумоти аниқ надоранд. Маъракаи иттилоотии мазкур, ки дар меҳвари он мафҳуми “ноу-хау” (таҷрибаи пешқадам) мебошад, ба аҳамияти дониш барои фаъолияти соҳибкорӣ ва чӣ тавр он метавонад маҳсулнокии ширкатро баланд бардорад, диққатро равона месозад. Ин маъракаи нав дар ш. Душанбе – пойтахти Тоҷикистон моҳи маи соли 2014 оғоз гардида буд. Он дар саросари 25 кишвар, аз Аврупои Ҷанубӣ ва Шарқӣ то Африқои Шимолӣ, Россия ва Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.

Интизор меравад, ки дар чорабинии оғози маъракаи иттилоотӣ намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои хориҷӣ, муассисаҳои молиявӣ, корхонаҳо, ширкатҳои машваратдиҳӣ ва воситаҳои ахбори оммаи вилояти Суғд иштирок меварзанд. Гуруҳи БАТР оид ба дастгирии соҳибкории хурд фаъолияти худро дар Тоҷикистон дар давоми ҳашт сол аз оғози кори гуруҳ дар кишвар ва маъракаи нави таҷрибаи пешқадамро (ноу-хау) рӯйнамоӣ мекунад.

“Дар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) фаъоляти мо фаротар аз пешниҳоди воситаҳои молиявӣ аст. Бо мақсади рушди соҳибкории хурд ва миёна, муваффақшавии онҳо, ва рушди минбаъда ва табдилдиҳии онҳо ба катализаторҳои рушди иқтисодиёт дар сатҳи маҳаллӣ ва сипас дар сатҳи минтақавӣ, мо инчунин машварат оид ба фаъолияти соҳибкорӣ медиҳем. “Навоварӣ, мутобиқшавӣ ва сармоягузорӣ, ҳамаи ин ҷанбаҳои муҳимми рушд барои соҳибкории хурд ва миёна ба ҳисоб мераванд”, - мегӯяд ҷаноби Ричард Ҷонс, роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон.

Аз соли 1997 инҷониб БАТР дар Тоҷикистон ба соҳибкории хурд ва миёна доир ба дастрасӣ ба машварати беруна бо истифода аз маблағгузории донорон аз Белгия, Канада, Фонди кишварҳои марҳилаи ибтидории гузариши иқтисодӣ, Фонди махсуси саҳмдорони БАТР, Иттиҳоди Аврупо, Япония, Люксембург, Швейтсария, Фонди ҳамкории Тайван-БАТР ва Иёлоти Муттаҳида, кӯмак мерасонад. Зиёда аз 4,2 миллион Евро аз ҳисоби дастгирии донорон дар якҷоягӣ бо зиёда аз 832,000 Евро саҳми худи муштариён барои дастгирии тақрибан 450 корхонаи хурд ва миёна равона гардид.

“Вилояти Суғд минтақаи муҳим на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Мо аз татбиқи теъдоди зиёди лоиҳаҳо ва машваратчиёни маҳаллӣ ва хориҷӣ, ки дар вилояти Суғд фаъолият мебаранд, ифтихор дорем. Истифодаи таҷрибаи беруна метавонад ба ширкат таъсири бузург расонад ва маъракаи мазкур барои тарғибу ташвиқи васеи он кӯмак мерасонад” - мегӯяд Ҷефф Ферри, Роҳбари Барномаи минтақавӣ дар Федератсияи Россия ва Осиёи Марказӣ барои Гуруҳӣ БАТР оид ба дастгирии соҳибкории хурд.