Ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳода, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия коҳиш меёбад.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон беш аз 52,6 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 15 ҳазор тонна ё худ ҳулдуди 30% зиёдтар аст. Гази моеъ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон ворид мегардад.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тӯли 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 95 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 31% камтар аст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия ворид карда мешавад.
Аксарият тамоили коҳиши воридоти маҳсулоти нафтӣ ва афзоиши воридоти гази моеъ ба ҷумҳуриро ба арзиши он нисбат медиҳанд, зеро дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ беш аз ду маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) фурӯхта мешавад ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ним соли ахир нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ ба андозаи 57% - аз 115 то 50 доллари ИМА поин рафт.
Дар ин робита айни замон беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии кишвар (ахири соли гузашта - 40%) бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон мунтазам афзоиш меёбад: соли 2012 ба Тоҷикистон - 175 ҳазор тонна, соли 2013 - 261 ҳазор тонна ва соли 2014 - 295 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.
Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 50
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста