Баҳор айёми хурсандӣ асту тақдими туҳфаҳо. Наврӯз ҳам даркубӣ мекунад. Бинобар ин туҳфаи махсусе бояд интихоб намуд, ки ҳам дилписанд бошаду ҳам муфид. Ба фикри шумо занон беш аз ҳама чиро қадрдонӣ менамоянд?Албатта, лаҳзаҳоеро, ки бо шахсони азизу ба дил наздикашон мегузаронанд,-яъне бо фарзандон, аҳли хонаводаву дӯстон! Шумо метавонед ин лаҳзаҳоро барои хонуми азизатон тақдим намоед. Кору бори хонаро бошад, аққалан як қисми онро мошинаи нави ҷомашӯии LG Titan 2.0 ба уҳда хоҳад гирифт!

Мошинҳои ҷомашӯии LG силсилаи Titan 2.0 ба ҳар соҳибхоназан маъқул хоҳанд гардид! Яке аз афзалиятҳои асосии мошинҳои ҷомашӯии LG- фуксияи инқилобии TurboWash мебошад, ки тавассути он акнун вақти пурраи шустушӯ ҳамагӣ 59 дақиқаро дар бар мегирад ва дар баробари ин, қувваи барқ ва ҳаҷми об ҳам сарфа мешавад. Дар он вақте, ки шумо дар чаҳорбоғе аз сайругашти баҳорӣ лаззат мебаред, мошинаи ҷомашӯии Шумо либосоятонро ба тартиб медарорад. Ба моделҳои LG F12U1HDN5 , LG F12U1HCS2 ва LG F12U1HBS4 таваҷҷуҳ фармоед.
Маҷмӯи вазифаҳои муҳофизаткунанда ва истифодаи ками нерӯи барқ, мошинҳои LG-ро каммасраф, боэътимод ва вазоифашонро зиёдтар мегардонад.
Дизайни нав хусусияти ин мошинҳоро назаррас ва бакорбарииашонро қулайтар намудааст. Панели сенсорӣ дар кунҷи 15 градус ҷойгир буда, аз он хам нашуда истифода бурдан мумкин аст.Дастаки ниҳонии дар ҳачунин барои истифода қулай аст.
6 алгоритми ҳархелаи шустушу ба таври автоматӣ дар реҷаи лозимӣ танзим мешаванд, дар ҳолате ки дигар мошинҳои ҷомашуӣ аз 1 то 3 алгоритми чархзаниро истифода мебаранд.
Муҳаррики иноватсионии инвертории модели LG F12U1HCS2 бо ҳаракатовари мустақим ҷиҳозонидашуда, вобаста аз навъи либосҳои воридшуда, суръати ҳаракати устувонаро ба танзим медарорад. Дар натиҷа тозагии комили либосҳои гуногуннавъ таъин мегардад. Устувона рост ба муҳаррик , бе истифодаи чарху тасмаи чархгардонӣ часпонида шуда, дар ҳолати кор кардан бе овоз ва бо сифати баланд кор мекунад.Ва LG ба ҳар ихтирои иноватсионии худ бо номи ҳаракатовари мустақим боз 10 сол кафолат пешниҳод менамояд.
Агар Шумо хоҳед, ки фақат ба либос таровате бахшед, бароятон функсияи шустушуи буғии True Steam писанд меояд . Молекулаҳои буғ ба дахили матоъ чуқур ворид шуда,дар мудати 30 дақиқа то 99,9%-и аллергенҳои маълумро нест менамояд.
Мошинҳои ҷомашуии LG аз тарафи Фонди бритонии мубориза бар муқобили аллергия- BAF ва Ассотсиатсияи табибони бемориҳои аллергия ва иммунологияи кудаконаи Русия –АДАИР эътироф шудаанд. Реҷаи «освежить» имконият медиҳад, ки дар давоми 20 дақиқа, буи тафт бартараф шавад ва қатҳои сабук бе истифодаи хокаҳои шустушуӣ ва об рост гарданд. Самаранокии мошинҳо дар мавриди бартарафкунии буй ва қатҳо бо сертификатҳои INTERTEK тасдиқ шудаанд.
Мошинҳои нави ҷомашуии LG сазовори дараҷаи А++-и самарабахши барқ мебошанд, ки дар Аврупо нишондиҳандаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.
Дар бораи ширкати LG Electronics
Ширкати LG Electronics Inc яке аз пешбарони ҷаҳонӣ ва офарандаи технологияҳои иноватсионӣ дар бозори истеъмолкунандагони маводҳои электронӣ, алоқаи мобилӣ ва техникаи маишӣ буда, он дар тамоми дунё 113 офис ва 87 000 корманд дорад. Дар соли 2013, ҳаҷми фуруши глобалии он 53,10 млрд. доллари ИМА-ро ( 58,14 трлн вони кореягӣ) ташкил дод. Ширкати LG аз чор қисмати тиҷоратӣ: Home Entertainment, Mobile Communications, Home Appliance &, Air Solution ва Vehicle Components иборат буда, дар дунё яке аз пешравтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи телевизорҳои ҳамворпанел, дастгоҳҳои мобилӣ, кондинсионерҳо, мошинҳои ҷомашуӣ ва яхдонҳо мебошад. Дар соли 2014 маҳсулоти LG Electronics бо 15 ҷоизаи International CES® Innovations Awards мукофотонида шудааст.
Дар бораи ширкати LG Electronics Home Appliance.
Ширкати LG Electronics Home Appliance дар соҳаи техникаи маишӣ ҳамчун навовар ва пешниҳодкунандаи маводҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва иноватсионӣ шинохта шудааст. Аз ин руихат метавон яхдонҳо, мошинҳои ҷомашуӣ,зарфшуӣ, техникаи матбахӣ, чангкашакҳоро номбар намуд. Дастгоҳҳои имаишии ин ширкат дар истифода осон мебошанд. Ширкат пайваста технологияҳояшро такмил медиҳад ва ба оламиён техникаи маишии ҳайратовареро ба мисли аввалин яхдони интерактивӣ ва ё мошинаи ҷомашуии буғиро пешниҳод менамояд. Тавассути иноватсияҳо ширкати LG дар соҳаи техникаи хонагӣ тамоилҳои нав ба навро ба роҳ монда мавқеи пешбарандаи хешро дар ҷаҳон мустаҳкам менамояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста