Қурби фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон рӯзи 19 март ба ҳисоби миёна 6,2900 сомониро ташкил дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) иттилоъ медиҳад.
Як ҳафт қабл қурби фурӯши доллари ИМА дар бозори асъори кишвар 6,4175 сомониро ташкил дода буд ва ҳамин тариқ, бо назардошти маълумоти БМТ, тайи як ҳафта қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ беш аз 2% поин рафтааст.
Тибқи маълумоти БМТ, дар пойтахт қурби миёнаи фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор ба 6,2800 (6,300 - санаи 13 март) баробар буда, дар пойтахт қурби доллари ИМА ба андозаи 0,3% пойин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, доллари ИМА-ро аз нуқтаҳои мубодилаи асъор бо нархи муайянкардаи БМТ харидорӣ кардан қариб ғайриимкон аст, зеро фурӯшандагони он бо баҳонаи надоштани асъор, аз фурӯши он бо чунин қурб худдорӣ мекунанд. Дар пойтахт воқеъан 1 долларро бо арзиши 6,6 сомонӣ ва болотар аз он метавон дастрас намуд, вале бо ин арзиш ҳам харидории он хеле душвор аст, чунки фурӯши доллари ИМА бо нархи болотар аз арзиши муқарраркардаи БМТ ҳаннотӣ шуморида шуда, барои он ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон тадбирҳои мубориза бо ғайриқонунӣ анҷом додани муомилоти хариду фурӯши молу хизматгузорӣ бо асъори хориҷӣ пурзӯр карда шуданд.
Ахиран мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар бораи ошкор кардани далелҳои хариду фурӯши молҳо бо асъори хориҷӣ хабарҳои зиёд интишор мекунанд. Дар маълумоти ҳамарӯзаи ВКД перомуни боздошти қонуншиканон дар бахши қонунгузории асъор ва боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати онҳо сухан меравад.
Ҳамчунин Мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шиддатнокии болоравии қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ - сомонӣ, баҳри таъмини назорати иҷрои қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор, инчунин таҳлилу бозомӯзии бозори он, бо таъсиси гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, милитсия, амнияти миллӣ ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷишҳои муштарак гузаронида, камбудию қонунвайронкуниҳои зиёд ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо чораандешӣ намуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста