Рӯзи 23 марти соли 2015 мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо муовини аввали вазири молия ва Раиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ Халифа Мусоид ал-Ҳамода баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳолат ва рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт табодул сурат гирифта, халифа Мусоид ал-Ҳамода барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва илмию техникии байни ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуд ва барои сармоягузории лоиҳаҳои мухталиф дар Тоҷикистон омодагии ҷониби Кувайтиро иброз намуд.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи нахустини Комиссияи муштарак байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ моҳи майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Интизор меравад, ки ҷаласаи дуюми Комиссияи муштарак дар нимаи дуюми соли ҷорӣ дар Давлати Кувайт гузаронида мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста