Санаи 25 март дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори “Баҳористон” фаъолият мекунад. Корхона иборат аз бинои маъмурият, бинои истеҳсолӣ ва бинои гармидиҳӣ бо анбори ангишт буда, тамоми масолеҳи сохтмонии дар бунёди онҳо истифодашуда моли ватании Тоҷикистон мебошад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, фаъолияти корхона ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ (аз он ҷумла гушти моҳи ва парранда), қаннодӣ, сабзавоти коркардшуда ва хӯроки гарми якум ва дуюм равона карда шудааст.
Ин корхона дар масоҳати умумии 0,55 га бунёд ёфта, аз 3 коргоҳи алоҳида барои коркарди гӯшт, сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ иборат аст. Он имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 4 тонна ашёи хом ва нимтайёрро коркарда намуда, маҳсулоти бозоргири хурокворӣ истехсол кунад.
Барои назорати сифати ашё ва ҳолати санитарию эпидемиологии маҳсулот корхона худ озмоишгоҳи муосир дорад.
Барои нигаҳдории ашё мувофиқи талаботи стандартҳои нигаҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар корхона 4 адад анбор барои нигаҳдории то 70 тонна сабзавот, 7 яхдон бо ҳарорати сифр дараҷа барои то 100 метри мураббаъ маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ ва ғайра мавҷуд аст.
Корхона бо технологияи муосир аз кишварҳои Аврупо, Русия ва Чин муҷаҳҳаз карда шудааст.
Маҳсулоти корхона, пеш аз ҳама, барои қонеъ гардонидани талаботи Осоишгоҳи “Баҳористон”, маркази солимгардонии кӯдакону наврасони “Шоҳин” ва ҳамчунин ба бозор пешниҳод карда мешавад.
Миқдори кормандон то 30 нафар буда, аз ҳисоби ҳайати кории осоишгоҳи Баҳористон сафарбар карда мешаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба сифати маҳсулоти хӯрокӣ таваҷҷуҳи хос зохир карда шавад ва таъкид дошт, ки озукавории бесифат ба саломатии инсон таъсири зиёди манфӣ дошта, истеъмолӣ он ба муддатҳои дароз ҳатто ба генофонди миллат зиён меоварад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста