Тӯли 2 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 9 млн. доллари ИМА ҳудуди 22 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 ҳазор тонна ё худ ба андозаи 40 % (2 моҳи соли 2014 - 36,8 ҳазор тонна ба маблағи каме бештар аз 15 млн. $) камтар аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, дар баробари орд имсол ҳаҷми воридоти гандум низ коҳиш меёбад, ҳарчанд давоми соли 2014 дар пайи коҳиши воридоти орд, тамоили афзоиши воридоти гандум ба мушоҳида мерасид.
Тибқи маълумоти оморӣ, давоми моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 31,5 млн. доллари ИМА 108 ҳазор тонна гандум ворид гардидааст, ки нисбат ба ду моҳи соли 2014 аз рӯи ҳаҷм 10,6% ва аз рӯи арзиш 13,2% (2 моҳи соли 2014 - 121,7 ҳазор тонна ба маблағи 36,3 млн. $) камтар аст.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бар ин назаранд, ки орд ва дигар зироати ғалладона яке аз маҳсулоти ғизойии муҳимтарини воридотии Тоҷикистон шуморида мешаванд. Зимнан зикр гардид, ки давоми 2 моҳи соли ҷорӣ нархҳо ба орди гандум дар бозорҳои ҷумҳурӣ устувор боқӣ мондаанд.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тӯли 2 моҳи соли 2014 ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар дар маҷмӯъ 22% - то 466 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста