Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 25 март бо иштироки намояндагони бахши энергетика ва экологияи ҳукумат машварати корӣ баргузор намуд, ки дар он лоиҳаи сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и «Фон Яғноб» дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки лоиҳакашии иншооти зикршуда ҳанӯз замони мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчунин нерӯгоҳи барқии давлатии ноҳиявӣ оғоз гардида буд.
«Бо назардошти афзоиши талаботи бахшҳои иқтисоду аҳолии кишвар ба нерӯи барқ, дар назар дошта шудааст, ки иқтидори марказ аз 700 то 1050 МВт-ро ташкил дода, таъмини он аз ҳисоби ангишти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст», - гуфт номбурда.
Ба гуфтаи ӯ, муовини нахуствазири кишвар ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати истифодаи пурсамари ангишти кони «Фон-Яғноб», ки беш аз 54% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ангишти кишварро ташкил медиҳад, тадбирҳои заруриву муассир андешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста