Ба наздикӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасгирии Лоиҳаи «Дасгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллӣ ва мониторинги кӯмаки беруна» (SENAKAM) дар мавзӯи «Ташкил ва рушди бизнес-инкубаторҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар баргузор карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, дар семинар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Рӯзномаи семинар масъалаҳои таҷрибаи байналмилалии идоракунии бизнес-инкубаторҳо, усул ва шаклҳои идоракунии онҳо, хизматрасониҳое, ки бизнес-инкубаторҳо анҷом медиҳанд, асосҳои ҳуқуқию амалияи ташкили бизнес инкубаторҳо дар Тоҷикистон, таҷрибаи ташкили бизнес-инкубатор дар шаҳри Душанбе ва ғайраро дар бар гирифта аст.

Қайд гардид, ки рушди соҳибкорӣ ба мустаҳкам гардидани иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат карда метавонад. Яке аз самтҳое, ки рушди соҳибкориро таъмин менамояд, ин ташкили бизнес-инкубаторҳо мебошад. Дар ин асос, бизнес-инкубатор ҳамчун воситаи рушди соҳибкории хурд аз тарафи давлат таваҷҷӯҳи хосаро касб намудааст.

Оид ба масъалаҳои дар рӯзномаи семинар пешниҳодгардида намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Лоиҳаи «Дасгирии ҳамоҳангсозии самараноки миллӣ ва мониторинги кӯмаки беруна», ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи машваратчиёни касбии Тоҷикистон», ҶММ «АДАД» ва дигар коршиносони даъватшуда баромад намуданд.

Баромадкунандагон дар асоси таҷрибаҳои байналмилалии ташкил ва рушди бизнес-инкубаторҳо, усулҳои гуногуни дар таҷриба истифодашаванда ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти онҳо оид ба мафҳуми умумии бизнес-инкубаторҳо гузориш доданд. Ҳамчунин аз тарафи баромадкунандагон таҳлили мухтасари ҳуқуқии ташкил ва рушди бизнес инкубаторҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули асосҳои меъёрии ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти онҳо дар солҳои охир, нақши ташкилотҳои байналмилалӣ – шарикони рушди соҳаи мазкур, пешниҳод карда шуд.

Дар семинар ба иштирокчиён лоиҳаи “Низомномаи дар бораи фаъолияти муассисаи давлатии Бизнес-инкубатор” пешниҳод гардид, ки дар он муқаррароти умумӣ оид ба таъсис додани он, мақсад ва вазифаҳо, талаботҳо, тартиби пешниҳод намудани иншооти ғайриистиқоматии бизнес-инкубатор, пешниҳоди хизматрасониҳо, идоракунии бизнес-инкубатор, манбаъи маблағгузорӣ, назорати фаъолияти бизнес-инкубатор ва тартиби барҳам додани он нишон дода шудааст.

Дар намунаи низомномаи зикргардида вазифаҳои асосии бизнес-инкубатор ҳамчун дастгирии соҳибкорони навкор дар давраи аввали рушд ва пешниҳоди як қатор хизматрасониҳо, аз ҷумла ба иҷора (иҷораи якҷоя) додани утоқҳои ғайриистиқоматии бизнес-инкубатор, хизматрасониҳои почтавию коргузор, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои андозбандӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ, банақшагирии соҳибкорӣ, такмили ихтисос ва омӯзиш, дастрасӣ ба махзанҳои иттилоотии бизнес-инкубатор, мусоидат барои дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ, мусоидат ба гирифтани иҷозатҳо ва ғайра пешбинӣ гардидаанд.

Иштирокчиёни семинар ҳангоми муҳокимаи масъалаҳо фаъолона иштирок карда, пешниҳодҳои худро оид ба ин ё он масъала иброз намуданд.

Ба ҳамаи иштирокчиён маводҳои аёнӣ, аз ҷумла нусхаи намунаи Низомнома оид ба ташкил ва рушди бизнес-инкубаторҳо дастрас карда шуданд. Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки дар асоси баррасии амиқи ҳуҷҷати мазкур иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро ҷиҳати такмили минбаъда ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ манзур намоянд.