Зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо ҳайати ПСС Афғонистон таҳти сарварии ноиби президенти Палатаи кишвари ҳамсоя Хон Ҷон Алоказай дар Душанбе оид ба дар моҳи августи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор намудани намоишгоҳи «Дастовардҳои иқтисодии Афғонистон» тавофуқ ҳосил шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуда, зикр гардид, ки ахиран шумори соҳибкорони афғон дар бозори Тоҷикистон афзуда, айни замон дар кишвари мо 85 адад корхонаҳои Афғонистон фаъолият доранд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 106 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2013 ба андозаи 10,8% камтар аст. Дар ҳаҷми муомилоти молии соли гузашта миёни кишварҳо каме бештар аз 52 млн. доллари ИМА ба воридоти молҳои Афғонистн ба Тоҷикистон рост меояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста