Тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 3,8 млрд. $ маблағ фиристода шуд, ки дар муқоиса ба соли 2013 қариб 8% ё худ 324 млн. $ камтар аст.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Бонки марказии Русия, ҳаҷми маблағҳои пулии соли 2014 аз Русия ба Тоҷикистон ирсолшуда тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ 3 млрд. 831 млн. доллари ИМА ва маблағи миёнаи як амалиёти интиқоли суратгирифта 295 доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, соли гузашта аз Тоҷикистон ба Русия бо маблағи миёнаи 2 ҳазор доллари ИМА-и як амалиёти суратгирифта 467 млн. доллари ИМА интиқол дода шудааст.
Аз нигоҳи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия дар соли гузашта Тоҷикистон танҳо аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон (5 млрд. 581 млн. $) поинтар қарор дошта, нисбат ба Украина (2 млрд. 246 млн. $) зинаи баландтарро ишғол мекунад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2013 тариқи низомҳои интиқоли маблағҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 4 млрд. 155 млн. доллари ИМА маблағ интиқол гардида буд.
Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулӣ дар соли гузашта 3,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 8,3% камтар аст. Соли 2013 ба Тоҷикистон ҳудуди 4,2 млрд. доллари ИМА маблағҳои пулӣ ворид гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, аввали моҳи март Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешгӯӣ карда буд, ки дар муқоиса бо соли гузашта соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон бо доллари ИМА тақрибан 30% коҳиш меёбад.
Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон кишвари бештар вобаста дар ҷаҳон аз интиқоли маблағҳои пулӣ маҳсуб меёбад. Чанде қабл дар мақолаи The Guardian зикр гардид, ки буҳрони рубл барои 9 кишвар мушкилот эҷод мекунад. «Аз ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ иқтисоди Тоҷикистон - 42%, Қирғизистон - 31,5%, Молдова - 25%, Арманистон - 21%, Ӯзбекистон ва Гурҷистон - 12, Украина - 5,5%, Литва - 4,5% ва Озарбойҷон - 2,5% вобастаанд», - қайд шуда буд дар мақола.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми маблағи умумие, ки соли гузашта ба Тоҷикистон интиқол ёфта буд, ба 45%-и ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ дар соли 2014 баробар аст, ки 45,6 млрд. сомонӣ (тақрибан 8,6 млрд. $)-ро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста